Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Пайвастагии гуногунҷиҳатаи иқтисодӣ бо хоҷагии халқи Россия.
Дар иртибот ба омили аввал Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 1994 дар иҷлосияи 49-уми Маҷмааи Умумии СММ нақши кишварҳои ИДМ, алалхусус Россияро дар истиқрори сулҳ дар кишвар ва ҳимояи сарҳади ҷанубии он таъкид сохта, пешниҳод намуд, ки ба Қувваҳои муштараки ҳомии сулҳи ИДМ дар Тоҷикистон мақоми қувваҳои ҳомии сулҳи СММ дода шавад. Бешубҳа, вазъи ҷумҳурӣ, ки он вақт дар ҳоли рафъи низои дохилӣ ва таҳдиди қувваҳои экстремистӣ аз сарҳади Афғонистон қарор дошт, чунин тасмимро талаб менамуд.
Ҳамзамон силсилаи омилҳои дигар, аз ҷумла, сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ мавҷуд буданд, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ нигоҳдории робитаҳои қаблиро дар фазои пасини он тақозо менамуд. Зеро якбора ва қатъан канда шудани робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ барои халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ ва ниҳодҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагидори онҳо, ки муддати даҳсолаҳо ба ҳам печида, ташаккул ёфта буданд, мушкилоти зиёдеро эҷод менамуд. Дар як он, ба таври барқосо канда шудани риштаи муоширати ҳазорҳо одамону оилаҳо, ҳамкориҳои мутақобилаи судманди садҳо корхонаҳои саноативу кишоварзӣ, муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ ва илмӣ метавонист ба фоҷиаи бузурге табдил ёбад, ки ислоҳаш имконнопазир бошад.
Эҳсос ва дарки амиқи нуктаи мазкур нигоҳдорӣ ва таҳкиму тақвияти ин робитаҳоро дар фаъолияти байналмилалии худ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси яке аз вазифаҳои мубрамтарин қарор дода буд. Дар Барномаи пешазинтихоботии ӯ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) яке аз мавқеъҳои марказиро ишғол намудани тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ шаҳодати таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба масъалаи мазкур мебошад. Дар барномаи зикршуда дар робита ба ин масъала аз ҷумла, таъкид шуда буд, ки «мо вусъати ҳамаҷонибаи муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, пеш аз ҳама бо Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистону Туркманистон, ки бо онҳо дар тӯли даҳсолаҳо пайванду робитаҳои ногусаста доштем, дар мадди аввал мегузорем».
Қобили тазаккур аст, ки иқдомҳои Сарвари Тоҷикистон дар ин самт бо ҳадафҳои асосии Иттиҳод: ҳифзи низоми робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣҳарбӣ ва фарҳангӣ-таърихӣ байни кишварҳои аъзо ва аҳолии онҳо, ки дар санадҳои бунёдии он – Созишнома оид ба созмон додани ИДМ, Баёнияи Алмаато ва Оинномаи ИДМ, инъикос ёфтаанд, ҳамаҷониба мувофиқат мекарданд. Дар ин қарина ИДМ ба ҳалли масъалаҳои мураккабтарине, ки ба барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста буданд, инчунин ба ташаккули давлатҳои соҳибистиқлоли аъзои он, мусоидат намуд. Иттиҳод тавонист пошхӯрии номуташаккилонаи низоми робитаҳои таърихиро дар фазои пасошӯравӣ, ки метавонист ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ оқибатҳои гарон ба бор оварад, пешгирӣ намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё