Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Алҳол аҳамияти ИДМ дар самти муташаккилона ва бидуни оқибатҳои харобиовари геополитикӣ сурат гирифтани раванди ташаккули истиқлолияти давлатҳои навтаъсис шубҳанопазир аст.
Вале бояд дар назар дошт, ки дар нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта, дар ҳоли муташанниҷии вазъи кишвар ва фишорҳои оппозитсияи оштинопазири дохиливу қувваҳои мухталифи берунӣ, барои ба ҳайси авлавият қарор додани ин самт иродаи қавӣ ва зиракии сиёсӣ зарур буд. Ба бахти миллати тоҷик, Сарвари Тоҷикистон аз чунин сифатҳои давлатмадорӣ бархурдор буд ва вақт дурустии роҳи интихобнамудаи ӯро собит сохт.
Минбаъд низ самти тавсеаи муносибатҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои ИДМ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бемайлон идома дода шуда, ӯ ҷиҳати тақвияти равандҳои ҳамгироӣ дар доираи он тасмимҳои мушаххас манзур менамуд. Моҳи июни соли 1996 ӯ дар посух ба мухбири маҷаллаи «Российская Федератсия» иброз намуда буд, ки «роҳбарияти Тоҷикистон ҷараёни ҳамгироии мамлакатҳои ИДМ-ро на танҳо дастгирӣ мекунад, балки ба инкишоф ва тавсеаи он дар ҳамаи соҳаҳо, яъне соҳаҳои иқтисоду сиёсат, мудофиа, фарҳанг, дастраси ҳамдигар гардонидани маълумот ва ғайра умед дорад».
Зимни ин ӯ ғайриқаноатбахш будани раванди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, «иттифоқҳои гумрукӣ, молия ва бонкҳои давлатҳои узви Иттиҳод» таъкид намуда, изҳор дошт, ки «сохторҳои имрӯзаи сиёсӣ ва иқтисодии ҳамкории мамлакатҳои ИДМ мувофиқи талаб кор намекунанд ё умуман фаъолият надоранд».
Дар ҳақиқат, на ҳамаи он ҳадафҳое, ки дар назди ИДМ гузошта шуда буданд, бо сабабҳои гуногуни объективию субъективӣ, аз ҷумла, мавқеи мухталифи кишварҳои аъзои он нисбат ба равандҳои ҳамгироӣ дар доираи он, амалӣ гаштанд. Бо назардошти ин, Президенти Тоҷикистон ғояи дар заминаи Иттиҳод таъсис додани сохторҳои дигари ҳамгироиро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва амниятӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ намуд. Дар ин қарина, ӯ ҷиҳати ташаккули Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷаъмӣ ва дар доираи онҳо тақвият додани ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои аъзояшон талошҳои созанда варзид.
Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои боварибахш ва конструктивӣ бо ҳамаи кишварҳои аъзои Иттиҳод талош варзида, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо онҳо ба мақсади ҳалли ҳарчи тезтари масъалаҳои мавҷуда ва таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар фазои ИДМ ҳамкориҳои мушаххасро ба роҳ монад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё