Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ин сайъу талошҳо дар Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2011 ҳамаҷониба инъикос гардиданд.
Дар иртибот ба ин Президенти Тоҷикистон моҳи декабри соли 2010 дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Саммити навбатии ИДМ таъкид намуда буд, ки «раёсати ҷумҳурӣ дар Иттиҳод дар заминаи принсипи идомаи анъанаҳои он ва рушди равандҳои ҳамгироӣ дар асоси прагматикӣ сурат хоҳад гирифт».
Дар ин қарина Тоҷикистон дар доираи раёсати худ дар Иттиҳод пеш аз ҳама ба татбиқи ҳадафҳои консептуалӣ ва стратегии рушди он, ки дар санадҳои қаблан қабулшуда, аз ҷумла, Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ (2007), Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии ташкили Иттиҳод таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд.
Фаъолияти асосӣ дар ин росто ба таҳкими муносибатҳои некӯҳамсоягӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ, баланд бардоштани мақоми ИДМ ва самаранокии он ҳамчун созмони минтақавӣ, мубориза бар зидди ғояҳои экстремизм, терроризм, таҳаммулнопазирии нажодию мазҳабӣ равона карда шуд. Илова бар ин, дар доираи Соли баланд бардоштани амнияти озуқавии ИДМ (соли 2011), рушди асоси истеҳсолии комплекси агросаноатӣ ва ҳамгироии бозорҳои маҳсулоти кишоварзии он ва намоиш бахшида ба 20-солагии ташкил шудани ИДМ чорабиниҳои дахлдор гузаронида шуданд.
Моҳи июни соли 2011 дар ш. Душанбе дар нишасти XIV Шӯро оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҷаласаи XXIV Шӯро оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии ИДМ масъалаҳои марбут ба вазъият дар соҳаи муҳоҷират дар кишварҳои Иттиҳод баррасӣ гаштанд. Ҳамин моҳ инчунин нишасти XXIV Шӯро оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи кишварҳои иштирокчӣ баргузор карда шуд.
Зимни ин Тоҷикистон тамоми сайъу кӯшиши худро ба он равона намуд, ки барои кишварҳои иштирокчӣ ҷиҳати баррасии мушаххаси масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ шароити заруриро фароҳам оварда, баҳри пайдо кардани қарорҳои қобили қабул мусоидат намояд. Аз рӯи натиҷаи корҳои анҷомёфта, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки 18-19 октябри соли 2011 дар ш. Санкт-Петербург баргузор гардид, 28 санади дахлдор, аз ҷумла, Аҳднома дар бораи минтақаи озоди савдои кишварҳои ИДМ, Қарор дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи давраи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои ИДМ то соли 2020 ва як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими соҳавии дигар ба мувофиқа расида, барои ба ҷаласаи Шӯрои Сарони кишварҳои ИДМ пешниҳод намудан, омода гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё