Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои ИДМ рӯзи 3 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор гашт. Зимни ифтитоҳи ҷаласа Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки «имкониятҳои Иттиҳод ҳануз зиёданд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ба самти рушди робитаҳои ҳамгироӣ байни кишварҳои мо ҳаракат намояд». Оид ба аҳамияти ИДМ сухан ронда, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «Иттиҳод ҷиҳати бо роҳи мутамаддин ва босубот ташаккул ёфтани кишварҳои мо нақши асосӣ бозидааст».
Дар ҷаласа беш аз 10 масъалаи муҳим, аз ҷумла, маърӯзаи таҳлилӣ
– «Натиҷаҳои фаъолияти 20-солаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва вазифаҳои он барои дурнамо», Созишнома дар бораи абадӣ гардондани хотираи мардонагӣ ва қаҳрамонии халқҳои давлатҳои иштирокдори ИДМ дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945, Барномаи ҳамкорӣ доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2012- 2014, Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти нерӯҳои навбатдори мудофиаи зиддиҳавоӣ дар ҳолати ғасби нақлиёти ҳавоӣ, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ доир ба татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва ғайра баррасӣ гардид.
Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба ташкили минтақаи озоди савдо ва Фонди эҳтиётӣ барои расондани кумак ба давлатҳои аъзои Иттиҳод дар ҳолати осеб дидан аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин таҳия, қабул ва татбиқи босамари Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ, Стратегияи амнияти озуқавӣ, Самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳан барои давраи то соли 2020 ва дигар масоили муҳим ҷалб намуда, барои рушди ҳамкории пурсамар дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил пешниҳодҳои судбахш ба миён гузошт.
Баъд аз анҷоми ҷаласа Сарвари Тоҷикистон изҳор намуд, ки Изҳороти сарони кишварҳои узви ИДМ натиҷаи табодули озод ва конструктивии роҳи тайшуда буда, фароҳам овардани шароитҳоро барои созмон додани фазои тиҷоратию иқтисодӣ таҳким мебахшад.
Зимни ин Эмомалӣ Раҳмон авлавияти рушди ҳамкориҳои иқтисодиро дар доираи Иттиҳод таъкид намуд ва ба андешаи ӯ «имрӯз зарур аст, ки ташаккули минтақаи озоди иқтисодӣ ба анҷом расонида шавад».
Қобили тазаккур аст, ки Аҳднома дар бораи минтақаи озоди савдои кишварҳои ИДМ дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод 18 октябри соли 2011 аз ҷониби 8 кишвари иштирокдори ИДМ ба имзо расида, аз 23 сентябри соли 2012 мавриди татбиқ қарор гирифт. Ин яке аз дастовардҳои муҳимтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Сарвари он Эмомалӣ Раҳмон зимни раёсат дар ин созмон маҳсуб меёбад. Санади мазкур шароитҳои заруриро ҷиҳати фаъолияти ҳамаҷониба ва босамари минтақаи озоди савдо дар фазои ИДМ муҳайё намуда, барои таъмиқи ҳамгироӣ дар асоси меъёрҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) шароитҳои мусоидро фароҳам меорад.

пешина
аз 228
навбатӣ