Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар маҷмӯъ оид ба аҳамияти ИДМ ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки он рушди робитаҳои анъанавии кишварҳои иштирокдори худро дар заминаи нави принсипиалӣ таъмин намуд. Муносибатҳои қаблии тиҷоратию иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ, робитаҳои иҷтимоӣ-гуманитарии кишварҳои пасошӯравӣ асосан бо шарофати ин созмон нигоҳ дошта шуда, мунтазам мукаммал гардонда шуданд. Ҳамкорӣ дар самти таҳкими субот ва амният ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ барои тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманд заминаи ҷиддии меъёриву ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шуд. Механизмҳои ҳамкориҳои дастҷамъона дар соҳаҳои таъминоти иҷтимоӣ, фарҳанг ва маориф, муҳоҷират, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳдиду ситезаҳо аз қабили терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддир мисоли равшани амали ин замина маҳсуб мегардад.
Сарвари Тоҷикистон дар давраи сипаришуда дар доираи ИДМ ба тавсеа ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои аъзои он низ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамуд. Дар ин росто, бо тамоми кишварҳои иштирокдори Иттиҳод, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Украина, Ҷумҳурии Озорбойҷон ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ аз 5 сентябри соли 1996 бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ оғоз гардида, санади муҳими танзимкунандаи самтҳои асосии муносибатҳои дуҷониба Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад, ки соли 2000 ба имзо расида буд. Ҳоло асоси шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои ҳарду давлатро 55 санади муҳим ташкил медиҳад, ки марбут ба робитаҳои сиёсӣ ва фарогири соҳаҳои тиҷорию иқтисодӣ, фарҳанг ва илму маориф мебошанд.
Робитаҳои ҳарду кишвар ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, хусусан СААД ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё густариш меёбанд. Мавқеи Тоҷикистону Беларус роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамсонанд ё ба ҳам наздикӣ доранд.
Украина яке аз ҳамёрони муҳими Тоҷикистон дар қаламарви пасошӯравӣ ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Украина 24 апрели 1992 барқарор гардида, густариши минбаъдаи онҳо дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн идома меёбад.

пешина
аз 228
навбатӣ