Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Санади муҳиме, ки зербинои асоси ҳамкориҳои дуҷониба маҳсуб меёбад, Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина аз 6 июли соли 2001 мебошад. Дар маҷмӯъ асоси шартномавию ҳуқуқӣ, ки фарогири самтҳои мухталифи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина аст, 73 санадро ташкил медиҳад.
Барои таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Украина санадҳо ҷиҳати муайянсозии усул ва самтҳои асосии ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ, савдои озод, ҷалб ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва сохтмон ба имзо расидаанд.
Самти дигар аз лиҳози авлавият ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика ва мошинсозӣ мебошад, ки байни сохторҳои соҳавӣ ва субъектҳои хоҷагидори ду кишвар дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Ба пайвасти ҳамин силсилаи муносибатҳои афзоишёбанда, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи фарҳангу маориф ва гуманитарӣ низ тавсеа меёбад. Дар ин замина байни муассисаҳои таълимоти олии ҳарду кишвар чанд созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор намуда, бо он ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судмандро ба роҳ монд.
Дар мавриди бисёр масъалаҳои муҳими дорои моҳияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷонибҳо мавқеи монанд дошта, дар робитаҳои дуҷониба рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҳоким аст.
Асоси ҳуқуқии робитаҳои кишварҳоро Аҳднома дар бораи заминаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон (соли 1993), инчунин беш аз 70 санади фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла сиёсию иқтисодӣ, сармоягузорию андозбандӣ, бонкӣ ва гумрукӣ, инчунин ҳарбӣтехникӣ ташкил медиҳад.
Асоси ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистонро соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва бахши кишоварзӣ ташкил медиҳад. Ҷонибҳо ҷиҳати ташкили «Фонди инвеститсияҳои мустақими Тоҷикистону Қазоқистон» ба мувофиқа расиданд, ки мақсад аз он татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар қаламрави ҳарду кишвар ва хориҷ аз онҳо мебошад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гашта, дар ҳолати имрӯза асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро 111 созишнома ва аҳднома ташкил медиҳанд. Санадҳои асосие, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расида, самтҳои муҳимтарини муносибатҳои тарафайнро муайян месозанд, Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 январи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё