Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишварро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир мекунад.
Ҳалли масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ яке аз муҳимтарин мавзӯҳои музокироти байни ду кишвар мебошад. Дар натиҷаи корҳое, ки давра ба давра анҷом дода шуданд, ҷонибҳо дар ҳалли масъалаҳои таҳияи асоси ҳуқуқии марзбандии қитъаҳои сарҳади давлатӣ ба таври назаррас пеш рафтанд. Дар ин марҳила Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид (5 октябри с. 2002). Феълан корҳо ҷиҳати мувофиқаи ниҳоии тақрибан 60 км қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатӣ идома доранд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор шуда, алҳол заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи сиёсию иқтисодии онҳоро 75 санад ташкил медиҳад, ки самтҳои гуногуни ҳамкории ду кишварро дарбар мегирад. Аз ҷумла, санадҳои асосие, ки усулу самтҳои муҳими муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро муайян месозанд. Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кирғизистон (июли с. 1996) ва Аҳднома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (майи с. 2004) мебошанд.
Ба мақсади ҳалли самараноки масъалаҳои аввалиндараҷа ва баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба кишварҳо Шӯрои ҳамоҳангсози байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ду ҷумҳуриро таъсис додаанд.
Зикри ин нукта низ муҳим аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон тарафдори ҳамкориҳои фаъоли минтақавӣ ва рушди равандҳои ҳамгироӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, ба ҳамкории муфиди тарафайн дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СААД, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Созмони ҳамкории Шанхай, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, институтҳои молиявӣ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ, ки ҳарду кишвар аъзоянд, аҳамияти хоса дода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё