Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Мавқеи ҳарду давлат оид ба бисёр масъалаҳои мубрами сиёсию иқтисодии дорои хусусияти минтақавӣ бо назардошти манфиатҳои дигар кишварҳои минтақа ба ҳам мувофиқат мекунад.
Тоҷикистону Қирғизистон бо мавҷудияти сарҳаду коммуникатсяи умумӣ, имконияти зиёди транзитӣ доранд. Сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва роҳҳои оҳану автомобилгард на танҳо барои рушди иқтисодии ду кишвар, балки ба густариши раванди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард. Айни замон ду кишвар ҷиҳати сохтмони шоҳроҳи мошингарди байналхалқии Душанбе-Рашт-сарҳади Қирғизистон барои пайвастан ба шоҳроҳҳои Қазоқистону Чин ва Афғонистон, инчунин сохтмони роҳи оҳан бо ҳамин масир, ки ҷавобгӯи манфиатҳои муштарак буда, барои инкишофи ҳамкории минтақавӣ мусоидат хоҳад кард, чораҳои зарурӣ меандешанд.
Заминаи сиёсии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон 27 январи соли 1993 бо имзо гардидани Протокол «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шуд.
Туркманистон аз лиҳози нақлиётию коммуникатсионӣ дорои имконоти фаровон ҷиҳати пайвастани минтақаи Осиёи Марказӣ бо дигар манотиқи ҷаҳон аст ва роҳандозии муносибату ҳамкориҳои судманд бо ин кишвар аз аҳамияти хоса бархӯрдор аст. Дар ин замина имрӯз метавон бо қаноатмандӣ зикр кард, ки равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ба сатҳи сифатан нав баромада, фарогири ҷанбаҳои гуногуни иқтисодию фарҳангӣ гардидааст.
23-24 августи соли 2012 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ба Туркманистон сурат гирифт, ки дар рафти он Роҳбари давлат бо ҳамтои худ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтушунид намуд. Зимни мулоқоту гуфтушунидҳо доираи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардид. Дар рафти сафар 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Феълан заминаи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон аз 58 санад иборат мебошад. Санади асосие, ки самтҳои авлавиятноки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро танзим менамояд, «Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» мебошад.
Ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Озарбойҷон бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аз 29 майи соли 1992 оғоз гардида, густариши минбаъдаи он дар рӯҳияи эҳтиром ва эътимоди мутақобила идома ёфтааст.

пешина
аз 228
навбатӣ