Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Соли 2007 оғози марҳилаи рушди ҳамкориҳо ва баромадан ба сатҳи сифатан нав дар таърихи соҳибистиқлолии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон гардид. Дар соли зикршуда байни ҳарду кишвари дӯст санадҳои муҳим, пеш аз ҳама, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин созишномаҳо оид ба савдои озод ва дигар самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расиданд.
Айни замон асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба беш аз 20 санадро дарбар гирифта, онҳо баҳри рушду тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳарбӣ имзо шудаанд.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Молдова тамоюли рӯ ба густаришро дошта, асоси ҳамкориҳо бештар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла, СММ, САҲА, ва ғайра ифода мегардад.
Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд, Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ фаъолият менамояд, ки ҷаласаи якуми он моҳи ноябри соли 2004 баргузор шудааст.
Ҳамзамон ҷонибҳо ба нақша гирифтаанд, ки дар ҷаласаи навбатӣ ҷиҳати таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ барои давраҳои минбаъда, масъалаҳои тавсеаи асоси шартномавию ҳуқуқӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, илму фановарӣ, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои муштарак, энергетика ва саноат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кишоварзӣ, варзиш, сайёҳӣ ва фарҳангу тандурустиро ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Марҳилаи нави муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Арманистон ва Гурҷистон ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол аз рӯзи баимзорасонии протоколҳо оид ба барқарорнамоии муносибатҳои дипломатӣ мутаносибан дар моҳи октябри соли 1992 ва моҳи августи соли 1994 шурӯъ мегардад. Ҳоло бо ин кишварҳо муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд идома доранд.
Новобаста аз он, ки муайян гардидани самтҳои асосии ҳамкорӣ бо ин кишварҳо низ асосан аз доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бармеояд, робитаҳои сиёсию дипломатии дуҷониба ба таври доимӣ фаъол арзёбӣ мегардад. Дар тӯли ин марҳила муносибатҳои Тоҷикистон бо Арманистон ва Гурҷистон дар асоси мувофиқати манфиати ҷонибҳо оид ба ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ба роҳ монда шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё