Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Шарики асосии стратегӣ
Моҳи августи соли 1993 панҷ хизматчии ҳарбии Россия ва Қазоқистон аз минтақаи Бадахшон ба дасти ҷангиён афтида, ба марзи Афғонистон интиқол дода шуданд. Дар вилояти Бадахшон, ки таҳти назорати нерӯҳои мухолифин қарор дошт, муайян кардани гурӯҳе, ки хизматчиёни ҳарбиро рабудааст, кори осон набуд. Дар Афғонистон низ дастаҳои мухталиф амал мекарданд ва пайдо кардани асирон душвориҳои зиёде дошт.
Масъала барои роҳбари Тоҷикистон ҷиддияти фавқулода касб кард. Тамоми имкониятҳо барои дарёфти асирон ва баргардонидани онҳо сафарбар гардиданд, ҳалли масъала таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор гирифт. Кор шиддат ёфт ва тавассути каналҳои гуногун маълумот ҷамъ шудан гирифт. Оқибат муайян гардид, ки асирон дар қаламрави Афғонистон дар дасти гурӯҳи яроқноке нигоҳ дошта мешаванд. Акнун масъалаи аз ин ҳам ҷиддитар – ҳарчи тезтар озод кардану баргардондани онҳо пеш омад, зеро лаҳза метавонист ба ҷони онҳо хатар эҷод шавад.
Бидуни дахолати роҳбарияти Афғонистон, бахусус Президенти вақти ин кишвар Бурҳонуддин Раббонӣ ва генерал Аҳмадшоҳи Масъуд ҳалли қазия бисёр мураккабу печида менамуд. Гуфтушунидҳо ба сатҳи олӣ баромаданд ва Роҳбари давлати Тоҷикистон ба хулосае омад, ки яке аз ҳадафҳои сафараш ба Афғонистон сиҳату саломат баргардонидани асирон хоҳад буд. Дар рафти ин сафар мулоқотҳо дар сатҳи олӣ муваффақона сурат гирифта, масъалаҳои зиёд баррасӣ шуданд. Дар баробари ҳамаи ин яке аз натиҷаҳои муҳими ин боздид озод кардану овардани асирони ҳарбии зикршуда буд. Вақте ҳавопаймо дар фурудгоҳи Душанбе ба замин нишаст, Роҳбари давлатро дар қатори ҳайат хизматчиёни аз асорат озодшуда ҳамроҳӣ мекарданд. Дар он шабу рӯз, ки дар Афғонистон миёни нерӯҳои мухталиф муқовимати яроқнок идома дошт, анҷом додани чунин амал коре буд шоёни ибрат ва таҳсин...
Албатта, ин як мисоли муносибати Роҳбари давлат нисбати инсонҳоест, ки тақдири худро муваққатан ҳам бошад, ба Тоҷикистон пайваста буданд. Зиёда аз ин, чунин иқдом ифодакунандаи муносибати ӯ бо шарикони муҳими кишвараш буд.
Воқеан, агар таърихи бистсолаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Федератсияи Россия варақгардон намоем, мебинем, ки чунин муносибат ҳамеша ҷой доштааст ва роҳбари Тоҷикистон пайваста кӯшидааст, ки ин шеваи ҳамкорӣ чун анъана ё расмияти қабулшуда риоя карда шавад. Ва Тоҷикистон дар аҳду паймони худ ҳамеша содиқ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё