Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Моҳи декабри соли 1993 зимни суханронии худ дар иҷлосияи XVIII Шӯрои олии кишвар Роҳбари давлат ҳангоми муайян кардани ҳавзаҳои ҳамкории Тоҷикистон таҳким бахшидани робитаҳоро бо Федератсияи Россия ба шумори авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дароварда, таъкид дошт, ки муносибатҳои ҷумҳурӣ бо ин давлат «бароямон ҳаётан муҳиманд».
Эмомалӣ Раҳмон зарурати тавсеаи ҳамкориҳоро бо Россия шарҳ дода, зикр намуда буд, ки «халқҳои тоҷику рус ҳануз аз қарнҳои миёна соҳиби робитаҳои наздики тиҷоратию фарҳангӣ буданд, таъсири тамаддуни рус ба сарнавишти халқи тоҷик аҳамияти фавқулода бузург дошт» ва «ин ҳақиқатро имрӯз ҳеҷ як шаҳрванди Тоҷикистон инкор карда наметавонад».
Бар замми ин Роҳбари давлат таъкид бар он дошт, ки «имрӯз ҳам Тоҷикистону Россия дар доираи як муҳити умумии геополитикӣ ва сиёсию иқтисодӣ дохил буда, ба ҳамдигар аз пештара зиёдтар муносибатҳои ҳамаҷониба пайдо намудаанд».
Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки «мавқеи ҷуғрофию сиёсию фарҳангии Тоҷикистон, ҳамчун дарвозаи ҷанубии кишварҳои Аврупо дар сарҳади Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ба Федератсияи Россия барои робита бо ин давлатҳо тавассути Тоҷикистон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад» ва «дар айни замон, Россия, ки тавассути ӯ Тоҷикистон бо фарҳангу тамаддуни Аврупо ошно шуд, чунин нақши худро дар оянда ҳам нигаҳ хоҳад дошт». Ба андешаи Роҳбари давлат Россия «дар татбиқи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарбу Шарқ»
барои Тоҷикистон «мавқеи беҳамто дорад».
Бояд зикр намуд, ки солҳои минбаъда доираи ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия тадриҷан васеъ гардида, тамоюлҳои нав касб карда бошад ҳам, вале усулҳои анъанавии ҳамкорӣ устувор боқӣ монданд.
Ҳануз дар замони роҳбарии Президент Раҳмон Набиев масъалаи соҳибмулкии дивизияи 201 мототирандозӣ ба фоидаи Россия ҳал шуда, инчунин ҷонибҳо ҷиҳати дар минтақаи рубл боқӣ мондани Тоҷикистон мувофиқа ба даст оварда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон вазъияти душвори онвақтаро ба инобат гирифта, сари ин мавзӯъҳо барнагашт, баръакс, кӯшишу ҳаракатро ба он равона кард, ки дар самтҳои муайяншуда ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ идома дода шаванд.
Бояд зикр намуд, ки масъалаи таҳкиму тавсеа бахшидани ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия ҳамеша таҳти назорати Роҳбари давлат қарор дошт ва то ҳол миёни ду давлат беш аз дусад санади дуҷонибаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.

пешина
аз 228
навбатӣ