Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ҳоло аксари кулли ин санадҳо мавриди амал қарор дошта, ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, гуманитарӣ, илмӣ, фарҳангӣ, маориф, сайёҳӣ ва ғайра танзим мекунанд.
Тайи ду даҳсола корҳои зиёде ба анҷом расид, ки зикри иддае аз онҳо чун инъикоскунандаи тамоюлоти равандҳои муносибату ҳамкориҳои ду давлат зарур аст.
- Дар самти ҳамкориҳои сиёсӣ чанд санади муҳим ба имзо расида буд, ки дар онҳо масъалаҳои усулии муносибату ҳамкориҳои ду давлат муайян шуда буданд. Миёни онҳо «Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» (25 майи соли 1993) ва «Аҳднома дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки ба асри XXI нигаронида шудааст» (апрели соли 1999) дар раванди рушду тасвеа бахшидани ҳамкориҳо нақши муҳим доранд.
Дар фазои дӯстию муносибатҳои шарикии стратегӣ робитаҳои фаъолона дар сатҳи олӣ ривоҷ ёфта, тавассути анҷом додани сафарҳои давлатӣ, расмӣ, корӣ, инчунин ҳангоми иштирок дар саммиту форумҳои байналмилалӣ сарони ду давлат вохӯриҳои зиёде анҷом дода, муҳимтарин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россияро баррасӣ ва дурнамои онҳоро мушаххас кардаанд.
Дар баробари ин Тоҷикистон ва Россия оид ба аксарияти масъалаҳои консептуалии сиёсати байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҳамкории ҳамгироӣ мавқеи умумӣ доранд. Ҳамзамон ба масъалаҳои ҳамкории самарабахш дар доираи чунин ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, чун СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, ИИАвруОсиё, СААД аҳамияти махсус дода мешавад. - Дар самти ҳамкориҳои ҳарбӣ қадамҳои ҷиддӣ соли 1993 бардошта шуданд. 25 майи соли 1993 миёни Тоҷикистону Россия маҷмӯи санадҳо роҷеъ ба ҳамкории ҳарбӣ ва будубоши низомиёни Россия дар Тоҷикистон ба мӯҳлати панҷ сол ба имзо расид, ки тамоми масъалаҳои мавҷударо танзим мекарданд. Яъне, дар масъалаи ҳамкориҳои ҳарбӣ камаш барои панҷ соли оянда заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуда, солҳои баъдӣ бо назардошти дигаргуниҳо дар ин самт санадҳои дигар ба имзо расиданд.
а) Дар асоси санадҳои имзошуда масъалаҳои ҳифзи сарҳади Тоҷикистон қадам ба қадам ҳалли худро ёфтанд. Тавре маълум аст, дар солҳои аввали истиқлолият сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистону Хитой таҳти назорати қушунҳои сарҳадии Россия қарор дошт. Соли 1993 Тоҷикистон Қувваҳои мусаллаҳи худро таъсис дод, вале, имкони таҳти назорат қарор додани сарҳадоташро надошт. Аз ин рӯ, мувофиқи санадҳои баимзорасидаи моҳи майи соли 1993 ин реҷа барои панҷ соли дигар боқӣ монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё