Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин ба хотири омода кардани сарҳадчиёни Тоҷикистон ва тадриҷан иваз кардани марзбонони Россия буд. Бояд гуфт, ки ин ҳуҷҷат боз барои панҷ соли дигар тамдид шуда, соли 2003 мӯҳлати амалаш поён ёфт ва бо гузаштани муҳофизати сарҳад ба зиммаи марзбонони Тоҷикистон дар солҳои 2004-2005 сарҳадбонони Россия Тоҷикистонро тарк карданд. Мувофиқи тавофуқи дуҷониба дар ҷумҳурӣ фақат гурӯҳи мушовирони ҳарбии Россия боқӣ монд.
Бояд зикр намуд, ки дар давраи фаъолияти худ хадамоти марзбонии Тоҷикистон таҷрибаи зиёд андӯхта, бо зарфияти кадрӣ ва таъминоти моддӣ-техникии худ ҳоло имконияти пурраи ҳифз кардани сарҳади ҷумҳуриро доранд.
б) Масаъалаи будубоши дивизияи 201 мототирандозӣ дар даҳсолаи аввал бетағйир монда, он соли 2004 ба базаи ҳарбии 201 Федератсияи Россия табдил дода шуд. Комплекси назорати кайҳонии «Окно» ба ивази гузашт кардани қарз ба ихтиёри Россия гузашт. Ҳамин тариқ, дар шароити имрӯза ҳузури ҳарбии Россия дар Осиёи Марказӣ ба ин сатҳ фақат дар Тоҷикистон боқӣ мондааст.
3. Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чанд самт сурат гирифтанд, вале натиҷаҳои гуногун доштанд.
а) Аз солҳои аввали ҳамкорӣ Тоҷикистон то соли 1995 кӯшиш намуд, ки дар минтақаи рубли Россия бимонад, вале чунин низоми молиявӣ дар баробари баъзе сабукиҳо овардан (аз байн бурдани ташвишҳои чопи пули миллӣ) ба ҷумҳурӣ мушкилоти зиёде низ эҷод кард. Дар оғози ин кор вобастагӣ аз Бонки марказии Россия, сари вақт таъмин нашудани иқтисоди ҷумҳурӣ бо пули нақд мушкилоти муайянро ба вуҷуд оварда, дар охир бошад бар асари беқурбшавии рубл ва аз муомила баромадани он пули қоғазии беқурбшуда ба Тоҷикистон рехт ва молу маҳсулоти зиёдро берун бурд. Тоҷикистон ба хулосае омад, ки арзи миллии худро ҷорӣ намояд.
б) Тиҷорат муътадил ҷараён гирифта, соли 2008 ҳаҷми табодули мол (воридоту содирот) миёни ду давлат беш аз 1 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод. Солҳои баъдӣ бо таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ва мушкилоти эҷодшуда дар қаламрави Ӯзбекистон нисбати ҳаракати қатораҳо ин нишондиҳандаҳо пойин рафта, соли 2011 боз ба сатҳи соли 2008 расиданд. Сарфи назар аз ин, то ҳол Россия аз рӯи ҳаҷми муомилот миёни ҳамёрони Тоҷикистон оид ба савдои берунӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.
4. Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика барои ҳарду ҷониб самти ояндадор буда, то имрӯз чунин натиҷаҳои онро зикр кардан бамаврид аст.
а) Дар натиҷаи ҳамкориҳои фаъолона сохтмони НБО-и Сангтӯда-1 муваффақона ҷараён гирифта, соли 2009 нерӯгоҳ пурра ба кор андохта шуд.

пешина
аз 228
навбатӣ