70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ба радифи ин ёдгориҳо метавон Қалъаи Қаҳақаҳа I, II ва III, Тирмизактеппа, Ӯртақўрғон, Теппаи Пирмуҳаммад, Чилҳуҷра, Чилдухтарон, Хоняйлов ва дигарьоро ворид намуд (5, 257-283).
Бозёфти ҳафриётҳои археологии димнаи Бунҷикат ба Н. Неъматов имконият дод, то ба кашфи шоҳкории мусаввараи девории аввали асри миёнагии Қалъаи Қаҳқаҳа 1 шурўъ намояд, ки натиҷаи хуб дод. Кофтуковҳои археологӣ 200 фирқа чўбҳои кандакориро барои археологҳо пайдо намуд. Ин аст, ки имрўз санъати Осиёи Миёнаро бидуни мусаввараҳои Бунҷикат, манзараи саҳнаҳои буддоӣ ва антиқиаш тасаввур кардан ғайриимкон аст. Санъати тасвирии Уструшан бо саъю кўшиши олим Н. Неъматов дастраси оламиён гардид. Дар солҳои 70-уми асри XX ў тавонист, дар илми санъатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ тавсифи ин бозёфтҳои нодирро собит намояд, ки онҳо дар як қатор асарҳои олим нашр гардидаанд: «Дар бораи санъати тасвирии қасри афшинҳои Уструшан (ахбори қаблӣ)» (1973), «Сайри модаргурги уструшонагӣ» (1973), «Рамзи Рим дар санъати тасвирии Уструшан ва устураи антиқаи Шарқи Қадим» (1973), «Оид ба масъалаи мақоми Шарқ дар ташаккули анъанаҳои афсонавии Рими Қадим» (1974), «Тамоюлҳои антиқӣ дар санъати Уструшан (оид ба гузориши масъала)» (1976), «Нақши мукарнаси сарак аз Қасри афшинҳхои Уструшан» (1977), «Аз нав барқароркунӣ ва тавсифи сюжети нақшу нигори толори хурди қасри афшинҳои Уструшан» (1977), «Санъати тасвирии Шаҳристон: проблемаҳо ва андешаҳо» (1985) ва ғайра. Номбар намудани номгўи асарҳои устод худ аз паҳлўҳои гуногун омўзишию тадқиқотии шоҳкориҳои уструшонӣ дарак медиҳад.
Дар ҳамин давра зери роҳбарии олим Н. Неъматов як зумра шогирдони ў А. И. Билолов, А. К. Мирбобоев, П. Т. Самойлик, Т. В.
Беляева, Н. Т. Раҳимов ва дигарон ҳафриёт ва тадқиқот бурда, маводи зиёди моддӣ ва шайъӣ дарёфт намуданд, ки куҳан будани Хуҷанди бостониро исбот мекард ва баъди тадқиқот 2500-сола будани Хуҷанд муайян карда шуда, соли 1986 бо тантана ҷашн гирифта шуд. Маводи археологии ёфташуда, давраҳои таърихии Хуҷанди асрҳои VI-IV пеш аз милодро то ба давраи асрҳои XIX-XX равшан ва барои омўхтан имкон дод.
Маркази дигари таъриху фарҳанги тоҷик – Истаравшан низ чун Хуҷанд солҳои тўлонӣ аз тарафи устод Н. Неъматов объекти тадқиқотӣ археологии олим буд, ки бо кандани аввалин жарфҳои (шурф) стратиграфии он ҳанўз соли 1950 шурўъ карда буд. Дар ҳафриётҳои бостонии Истаравшан С. Ш. Марофиев, Х. Муҳитдинов, А. К. Мирбобоев, дертар Н. Т. Раҳимов ҷалб карда шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё