Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Барои иштирок дар кори ин ьайат аз марказьои илмии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ олимон даъват шуда буданд.
Соли 1954 Н. Неъматов дастаи бостоншиносиро барои тадқиқи ёдгориҳои Хуҷанду Қайроққум таъсис дод. Дар фаъолияти ин ьайат бостоншиноси варзида А. М. Манделштам низ ширкат дошт. Н.
Неъматовро масъалаҳои умдаи таърих ва фарҳанги Уструшана ба худ ҷалб мекард.
Маҳз дар солҳои таҳсил дар аспирантураи шаҳри Санкт- Петербург Н. Неъматов барои ҷамъоварӣ ва ба низом даровардани тамоми маводу сарчашмаҳои дастраскардааш, солҳои 1949-1950 ба кофтуковҳои археологии қалъаи Қаҳқаҳа ва дигар ёдгориҳои Шаҳристон пардохт. Ӯ дар тўли солҳои 1954-1960 сарварии дастаи Хуҷанду-Истаравшании экспедитсияи археологии Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1961-1973 сарвари дастаи экспедитсияи бостоншиносии муассисаи номбурда, аз соли 1974 то солҳои 2010 роҳбари экспедитсияи комплексии бостоншиносии Тоҷикистони Шимолиро ба ўҳда дошт.
Маҳз бо хизматҳои устод Нўъмон Неъматов нахустин малакаи ҳафриёти бостонӣ дар Панҷакенти қадим оғоз шуда, мунтазам таҷрибаи корӣ дар дигар ёдгориҳои бостонӣ сайқал дода шуд.. Дар ҳамон солҳои 50-уми асри ХХ Н. Неъматов якҷоя бо А. М. Белениский, О. Г. Болшаков ва дигарон фаъолият бурда, солҳои 1951-1952 якҷоя бо бостоншиносони намоён О. Г. Болшаков ба кофтукови археологии яке аз ёдгориҳои нодири Панҷакенти қадим пардохт. Ин ёдгорӣ ба бостоншиноси ҷавон Н. Неъматов имконият дод. ки масъалаи пайдоиши работи Панҷакенти қадимро дақиқ муайян намояд.
Сарвари ҳайати бостоншиносон А. М. Беленитский дар яке аз гузоришҳои хеш иброз намуд, ки натиҷаи корҳои кофтуковии солҳои 1951-1953 барои равшан намудани пайдоиши работи ибтидоии асримиёнагӣ марҳилаи муҳим аст. Ба ҳамин тариқ кашфиёти бостоншиноси ҷавон Н.Неъматов як кашфиёти муҳим арзёбӣ гашт.
Солҳои 1954-1955 Н. Неъматов кофтуковҳои археологиро дар Хуҷанд идома медиҳад. Н. Неъматов ва гурўҳи бостоншиносон дар деҳаи Сомғор як ҷузъи девори қадими воҳа ва дар деҳаи Маҳраму Ниёзбеки соҳили чапи руди Сир осори як қалъаи қадима ва идомаи девори воҳавиро пайдо намуда ва дар як вақт харитаи ҷойгиршавии онҳоро мураттаб сохтанд (6, 443).
Маҳз дар ҳамин миёнаҳои солҳои 50-уми асри ХХ фаъолияти пурсамари бостоншинос Н. Неъматов дар раванди омўзиши ёдгориҳои қадима ташаккул ёфт, ки таъсири мактаби бостоншиносони Руссия дар ин роҳ нақшаи устувор дошт.
Фаъолияти дигари назарраси илмии бостоншинос Н. Неъматов боз дар ҳамин аст, ки дар солҳои 60-уми асри ХХ омўзиши сар то сари ёдгориҳои қадими мавзеи Шаҳристонро бо мақсади дақиқ намудани маҳалли ҷойгиршавии пойтахти Истаравшани асримиёнагии Бунҷикатро оғоз намуда, зиёда аз 100 харобаҳои қадимаро ошкор сохт.

пешина
аз 162
навбатӣ