Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ҳамин давра ў бо маводи ёдгории Уструшан – Мунҷоқтеппа, ки аз ҷониби худи устод Н. Неъматов ҳафриёт шуда буд, тадқиқот бурда шуд. Маҳсули меҳнаташ соли 1953 ба ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзўи «Уструшан дар асрҳои VII-X» ба анҷом расид.
Н. Неъматов бо рисолаи номзадии илмиаш яке аз корҳои асосӣ – кашф ва омўзиши ҳаматарафаи тамаддуни Уструшани аввали асри миёнаро иҷро намуд. Дар ин татқиқот бо баробарии муайян ва мушаххас намудани мавзеъ ва мавқеи шаҳрҳои аттиқа ва аввали асри миёна, ҷараёни ташаккули фарҳангии аҳолиро низ омўхт.
Доктори илмҳои таърих, профессор Н. Т. Раҳимов, академик Н.
Неъматовро «нахустин кашшофи Уструшан» муаррифӣ намудааст.
Маҳз бо кашфиётҳои Н. Неъматов Истаравшани бостонӣ чун яке аз марказҳои бузурги бошукўҳи фарҳанги қадимаи тоҷик бо намунаҳои олии меъморӣ, истеҳсолоти ҳунармандии тадқиқ карда, ки он ба коркарди канданиҳои фоиданоки маҳаллӣ сурат мегирифт, машҳур гардид. Дар ин ҳавзаи бостонии тоҷик осори кишоварзии сермаҳсули лалмӣ ва обӣ, чорводории мавсимӣ, огалии асосаш «вертикалӣ» ва шоҳкориҳои асили санъати тасвирӣ кашф шудаанд ва Уструшан мақоми хосаи худро дар маркази тамаддуни Осиёи Марказӣ ишғол намуд. Дар охири солҳои 60-ум аввали 70-уми асри XX дар омўзиши бостонии Тоҷикистони Шимолӣ корҳои бисёр ба сомон расонида шудаанд. Олими барҷаста Н. Неъматов аз соли 1974 дастаи бостоншиносии Тоҷикистони Шимолиро таъсис медиҳад ва сарвари он мешавад. Неруи ташкилдиҳандаи кофтуковҳои археологӣ, гурўҳи ботоншиносон – шогирдони Н.Неъматов буданд.
Дар баробари ин Экспедитсияи комплексии бостоншиносии Тоҷикистони Шимолӣ (СТАКЭ)-и академик Н. Неъматов маркази мактаби тайёрии бостоншиносони баландихтисос дар ҷумҳурӣ ҳисоб меравад. (3,275-283).
Истеъдоди баланди ташкилотчигии корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва ғайрати эҷодкоронаи Н. Неъматов имконият дод, ки чор ёдгории вилоятӣ, таърихӣ-фарҳангии қисми шимолии Осиёи Миёна- Уструшана, Хуҷанд, Фарғона ва Ҳисор аз тарафи устод хамчун обеъкти археологӣ ва фарҳангӣ омўхта шаванд.
Саҳми академик Н. Неъматов дар таҳқиқу гурўҳбандии фарҳанги бостонии Тоҷикистони Шимолӣ беҳамто буда, даврабандии ёдгориҳои вилоятро аз давраи қадимтарин то ба асри XX асоснок ва мушаххас намуд. Доираи васеи тадқиқотҳои илмии таърихшиносӣ, таърихи этникӣ, даврабандии фарҳангӣ-антропологии таърихи халқи тоҷик, беназирии хориқаи (феномен)-и тоҷик дар таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ, назарияи археологияи Осиёи Марказӣ, сохтори мафҳумии фанни археология ва боз бисёр дигарҳо аз серпаҳлў ва доманадор будани фаъолияти олим гувоҳӣ медиханд.
Эътирофи хизматҳои Н. Неъматов дар соҳаи археология чунинанд: Устод ба вазифаи раиси Шўро оид ба равияи бостоншиносӣ дар «Энсиклопедияи советии тоҷик», раиси Шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърих ва фарҳанги Тоҷикистон, аъзои як қатор шўроҳои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, иштирокчӣ ва маърўзачии зиёда аз 120 конфронсҳо, симпозиумҳо, конгресҳо (ғайр аз дохилиакадемӣ, мактабҳои олӣ, шўроҳо ва машваратҳо), аз соли 1969 аъзои Шўрои илмӣ оид ба проблемаҳои археологияи Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Пажўҳишгоҳи бостоншиносии АУ ИҶШС (имрўз ФР) инчунин аъзои Комиссияи ҳамкории Шўравӣ-Ҳиндустон оид ба археология ба ҳисоб мерафт.

пешина
аз 162
навбатӣ