70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Устод Н.
Неъматов берун аз Осиёи Марказӣ ҳам ҳамчун олими намоён маъруф буд. Ӯ иштирокчии се симпозиуми бостоншиносии ИҶШС- ИМА (Кембриҷ, 1981; Самарқанд, 1983; Вашингтон,1986), ду симпозиуми бостоншиносии ИҶШС-Ҳиндустон (Оллоҳобод, 1982; Ишқобод, 1984) ба ҳисоб меравад.
Шогирдони устод Н.Неъматов, ки дар мактаби илмии ў ташаккул ва обутоб ёфтаанд – дар соҳаи археология Салтовская Е. Д., Марофиев С. Ш., Пўлотов Ӯ, Раҳимов Н. Т., Мирбобоев А. К., дар равияи этнография Эшонқулов Х. Г., соҳаи меъморӣ С. Мамадҷонова, санъатшиносӣ Соколовский В. М., Майтдинова Г., фарҳангшиносӣ Холиқӣ А, Бўриев К, санъати мусиқӣ Ҳакимов Н. Г., ҳама соҳиби дараҷаи номзади илм ва ё доктори илм гашта, дар дохили кишвар ва берун аз он самаранок фаъолият мебаранд.
Н. Неъматов муаллифи даврабандии нави таърихи иҷтимоӣиқтисодӣ (форматсионӣ) ва антропологӣ – фарҳангии тоҷикон дар ҳудуди Тоҷикистони таърихӣ ва сотсиуми этнофарҳангии тоҷик мебошад (4,34-78).
Ҳамин тавр, академик Н. Неъматов яке аз чеҳраҳои шинохтаи илми бостоншиносии тоҷик ва собиқ Шўравӣ ба ҳисоб рафта, саҳми ў дар ташаккул, рушду нумўи амалия ва назарияи илми археология, тарбияи мутахассисон хеле бузург аст.
Асарҳои офаридаи академик Н. Неъматов барои шинохти таърих, фарҳанг ва тамаддуни бостонии халқи тоҷик ва нақши босазое гузоштаанд.
ПАЙНАВИШТ:
- В. В. Воднев. Найти начало начал: к 80-летию академика Н.Н.Негматова //Нури маърифат. -Хучанд, 2007.-С.203-229.
- Древняя Уструшана: города, их локализация и хронология. – Душанбе, 2003.
Под. Общей редакциий академика Н.Н.Негматова. (Материальная культура Уструшаны. Выпуск. №5-8). – С.15. - Негматов, Н.Н. СТАКЭ: 50 лет археологических открытий многообразного высокоцивилизованного облика историко-культурной области Уструшана (в совершенно сжатом изложении) //Н.Н. Негматов//Археологические работы в Таджикистане. – Вып. XXX. -Душанбе, 2005. – С.275-283.
- Н. Н. Негматов. Феномен: история и теория//Душанбе: Дониш, 1997. -406 с.
- Негматов, Н. Н., Воронина В. Л. Открытие Уструшаны//Н.Н. Негматов, В.Л.Воронина//Наука и человечество. – М., 1975. – С. 27-56.
6.Энсиклопедияи Советии тоҷик. Қисми 8. -Душанбе, 1989. -С.443.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё