70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ш. ШАРИПОВ,
С. МАҲКАМОВ,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б. Ғафуров
САҲМИ АКАДЕМИК АҲРОР МУХТОРОВ
ДАР ТАҲҚИҚУ ОМЎЗИШИ УСТРУШАНАИ
АҲДИ СОМОНИЁН
Муаррихи барҷаста, устоди зиндаёд, академики АИ Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Аҳрор Мухторов яке аз олимони баруманду муҳаққиқи маъруфи таърихи асримиёнагии тоҷик маҳсуб меёбад. Мавсуф бо асару мақолаҳо ва тадқиқотҳои пурарзиши худ дар соҳаҳои мухталифи илми таърих, аз ҷумла, катибашиносӣ, манбаъшиносӣ, васиқашиносӣ ва дигар ҷанбаҳои таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва мардуми Осиёи Марказӣ дар доираҳои илмии ҷумҳурӣ ва берун аз он шўҳрат дорад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти академик Аҳрор Мухторов сарчашмашиносӣ ва дастраси аҳли илм гардонидани китобҳои нодири қаламӣ ва осори мустанад (васиқаҳо) мебошад. Маҳз бо ташаббус ва ғайрату кўшиши ў якчанд маъхазҳои нодири таърихӣ, аз ҷумла «Таърихи Бухоро»-и Муҳамад Наршахӣ, «Ҳудуд-ул-олам», «Ашкол-ул-олам», «Ҷодат-ул-ошиқин», сарчашмаи мўҳташам – «Мунтахаб-ат-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон ва ғайра нашр ва мавриди таҳқиқу омўзиш қарор гирифтаанд ва олим доир ба ин асарҳо мақолаҳои зиёде навишта, таваҷҷуҳи шогирдон ва муҳаққиқони ҷавонро ба пажўҳиши маъхазҳои таърихӣ ҷалб намудааст.
Академик А. Мухторов дар ҷустуҷў ва ҷамъоварии осори хатии ниёгони мо саҳми шоиста дорад. Ӯ борҳо ба Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва дигар мамлакатҳои хориҷӣ сафар карда, дар китобхонаву муассисаҳои илмии ин кишварҳо китобҳои қаламӣ, осори муаррихон, уламо ва удабои тоҷикро ҷустуҷў ва дарёфт намудааст. Самараи заҳмату ҷустуҷўҳои худро дар ин самт муҳаққиқи нуктасанҷ А. Мухторов дар китобҳои худ «Аз паи таърихи кўҳан» (Душанбе, 1975 ва нашри русиаш соли 1982), «Позднесредневековый Балх. Материалы к исторической топографии города в XVI-XVIII вв». (Душанбе, 1980, ба забони дарӣ соли 1985 дар Кобул ва ба забони англисӣ соли 1993 нашр гардид), «Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон» (Душанбе, 1984) ва ғайра инъикос намудааст.
Муаррихи варзида ва дақиқназар А. Мухторов таърихи халқи худро дар асоси маълумоти сарчашмаҳои нодиру мўътамад мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё