70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Олим дар асару тадқиқотҳои хеш бештар ба маълумоти маъхазҳои нодир такя менамояд ва ахбори муаллифони асримиёнагиро бо даҳҳо сарчашмаҳои дигар, тадқиқотҳои олимон муқоиса намуда, сипас дар натиҷаи таҳлил ба хулосаҳои муҳим ва тозаву пурарзиш омадааст.
Дар тадқиқотҳои олим мо инъикосу баррасии тамоми марҳилаҳои таърих – замони қадим, асримиёнагӣ ва давраи нави таърихи халқи тоҷик ва мардуми Осиёи Марказиро мушоҳида менамоем.
Академик А. Мухторов дар таҳқиқу омўзишҳои таърих ва тамаддуни нахустин давлати мутамарказ ва мустақили тоҷикон – Сомониён, ё ба истилоҳ сомоншиносӣ низ саҳми намоён дорад. Ҳамзамон дар таҳқиқу омўзиши шаҳру вилоятҳои таърихии тоҷикон, аз қабили Уструшана (мулки Ӯротеппаи асримиёнагӣ, ки як қисми ин вилояти таърихӣ аст), Ҳисор ва Балх якчанд асарҳои бунёдӣ эҷод намудааст ва аз ин лиҳоз, яке аз поягузорони мактаби илмии истаравшаншиносӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин бора доктори илмҳои таърих, профессор Ҳ.Пирумшоев чунин менигорад: «... китобҳои ба таърихи ду мулки бостонии тоҷик Истаравшан (Ӯротеппа) ва Ҳисор, ки дар Осиёи Марказӣ мавқеву манзалати тамаддунхез доранд, бешак намунаи классикии кишваршиносии таърихӣ ҳисоб меёбанд. Дар ин китобҳо муаллиф тавонистааст, ки бо маъхазу далелҳои мўътамад ҳаводиси ба гўшаи фаромўшӣ афтодаи давраи тўлонии асримиёнагии онҳоро дар ҳамбастагии қавӣ бо дигар навоҳии тоҷикнишини минтақаи Осиёи Марказӣ возеҳона қаламдод намуда, ба хонандаи таърихогоҳи ҳозира ва ояндаи наздику дур пешниҳод намояд»(3, 67- 68).
Дар робита ба ҷашни 1100-солагии Сомониён ва хусусан 2500- солагии Истаравшани бостонӣ академик А. Мухторов як зумра асару мақолаҳое эжод намудааст, ки онҳо барои равшану пурратар омўхтани баъзе саҳифаҳои камтаҳқиқшудаи таърихи аҳди Сомониён, мулкҳои алоҳидаи он ва шахсиятҳои номвари он замон саҳми арзанда гузоштааст.
Яке аз асари ба таърихи сиёсию маъмурии хонадони Сомониён бахшидаи А. Мухторов «Амирон ва вазирони Сомонӣ» мебошад, аслу насаби амирони Сомонӣ, таърихи ба сари қудрат омадани онҳо, ҳукуматдории амирони Сомонӣ, тавсифи шахсияти Исмоил ибни Аҳмад ва ҳукумати амирони сомонии баъди ўро мавриди таҳлил қарор додааст. Дар баробари ин, барои соҳибдавлатии амирони Сомониён нақш ва мақоми вазирони онҳо муҳим буд, ки дар асари номбурдаи муаллиф хизматҳои шоистаи вазирони Сомониёнро аз хонадонҳои бонуфўз Ҷайҳонӣ, Балъамӣ ва Утбӣ дар асоси маълумоти сарчашмаҳои нодири хаттӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад(4).
Рисолаи дигари академик А. Мухторов бахшида ба 2500-солагии Истаравшан таҳти унвони «Курушкада. Истаравшан. Ӯротеппа» (5) мебошад, ки соли 2002 интишор шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё