70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Дар ин ин асар олим маълумотҳоро аз замони қадим то давраи нави ин вилояти таърихӣ ҷамъоварӣ намудааст. Муаллиф порчае аз «Ашкол-ул-олам»-и Ҷайҳонро оид ба масъалаҳои ҷуғрофияи таърихии Мовароуннаҳр мавриди таҳлил қарор додааст. Аз ҷумла, қайд мегардад, ки «дар Уструшана зарбхонаи давлати Сомониён амал мекард. Тасдиқи андешаи мазкур оиди дар Усрушана ҳаёт ба сар бурдани Исмоил ибни Аҳмад фулуси дар ин мулк зарбзадаи ў мебошад ва ба соли 279 ҳиҷрӣ (892-893) мансуб аст. Дар ақиби тангаҳои дар Усрушана сикка зада чунин матн хонда мешавад, «Ал-амир Исмоил». Маълум мешавад, ки Исмоили Сомонӣ дар ибтидои ба сари давлати Сомониён омадан ҳанўз худро амири Усрушана мешуморид. Ҳукмронии ў дар ин мулк соли 279 ҳиҷрӣ (892-893) фавран пас аз вафоти бародараш Наср барқарор гашта буд. Инчунин равшан аст, ки пас аз ба тахти Бухоро соҳиб шудан ҳамоно Исмоили Сомонӣ дар мулки дур аз пойтахташ, алалхусус дар Усрушана, зарбхона бино накардааст. Дар ин мулк сикка задан албатта дар солҳои пеш низ амал мекард. Бо ҳамин сабаб ба Усрушана нисбат додани баромади сулолаи Оли Сомон аз тарафи вазири Сомониён Ҷайҳонӣ асоси таърихиро дорост, менигорад А. Мухторов(5, 4-5).
Ҳамчунин такя ба иттилои маълумотҳои сиккашиносӣ А. Мухторов оид ба сиёсати Исмоил ибни Аҳмад чунин мегўяд: «Исмоили Сомонӣ низ мисли ҳокимони Чочу Ахсикат (Яъқуб ибни Асад Аҳмад ва ибни Асад) дар Усрушана пули мисии худро (фулс) мебаровард. Фулуси дар Усрушана сикка задаи Исмоили Сомонӣ шаҳодат медиҳад, ки то соли 892 давлати Сомониён мутамарказ набуда, ҳокимони маҳаллц амалиёти мустақилона мегузарониданд».
Дар асоси ин маълумот устод А.Мухторов фармонравои мулки Уструшана будани Исмоил ибни Аҳмадро бо далел асоснок менамояд.
Фулуси дар Усрушана сикка зада, шоҳиди он аст, ки ў дар Усрушана мустақилона ҳукмрони карда, (солҳои 886-892) бо номи худ пул мебаровард. Баъд аз он, ки ў ба тахти салтанати Бухоро нишаст (с.892), эҳтиёҷ ба зарбхонаи Усрушана намонд ва дастгоҳи онро Исмоил ба Самарқанд кўчонид. Чунки, ин шаҳр то ба Бухоро соҳиб гаштани Исмоили Сомонӣ пойтахти Сомониён буд. Маълумоти овардаи устод Аҳрор Мухторов дар ин бора ҷолиб аст ва тибқи он солҳои 886- 892 Исмоили Сомонӣ маснади ҳокими Усрушанаро бар дўш дошт.
Ба андешаи мо дар асоси маълумоти дигар соли 893 яке аз фаъолияти сиёсии ў пас аз мағлуб намудани туркҳо дар водии Талас, ҳамроҳ кардани Кони Шелҷӣ, ба мулки Уструшана, ки ҳанўз аз ҷониби ҳокимони маҳаллии афшинҳо идора карда мешуд, иборат буд. Мувофиқи маълумоти академик А. Мухторов солҳои 886-892 Исмоили Сомонӣ дар Уструшана ҳукмронӣ кардааст, ки ин маълумот дар осори дигар муҳаққиқон ба назар намерасад (4, 4; 5, 10).
Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо ва тадқиқотҳои муҳаққиқон Исмоили Сомонӣ (солҳои ҳукмрониаш 892-907) ба салтанати хонаводаи афшинҳо дар Уструшана хотима гузошта, соли 893 охирин намояндаи сулолаи Ковус Сайр ибни Абдуллоро аз тахт вожгун сохт ва дар Уструшана ба номи худ сикка зарб менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё