70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Инро феҳристи сиккаҳои мусулмонӣ, ки дар Эрмитаҷи давлатии шаҳри Санкт- Петербург маҳфуз буда, онро А. Марков мураттаб сохтааст, исбот менамояд (1, 217; 2).
Аҳрор Мухторов на фақат оид ба давлатдории хонадони Сомонӣ, инчунин доир ба таърихи мулкҳои алоҳидаи ин давлати феодалии асримиёнагӣ андешаҳои худро баён намудааст. Ӯ дар асоси маълумотҳои маъхазҳои таърихию ҷуғрофии асри миёна, аз ҷумла, Ҷайҳонӣ оиди мулки Усрушана чунин овардааст: «Аз рўи маълумоти Ҷайҳонӣ ва фулусҳои дастраси тадқиқотчиён гардида, маълум мешавад, ки мулки паҳновари Усрушана баъди аз миён рафтани ҳокимияти афшинҳо (с.893), истиқлолияти худро нигоҳ дошта, баъд аз ба сари қудрат омадани Исмоили Сомонӣ тобеи Сомониён гаштааст. Барои он, ки ин мулк дар оянда истиқлолият ба даст оварда натавонад, аввалин чораҷўии Исмоили Сомонӣ ба сифати амири Бухоро, аз мулки Усрушана ба ҷои дигар кўчонидани зарбхонаи он буд» (5, 40). Академик А. Мухторов чунин меҳисобад, ки баъди ба ҳайати давлати Сомониён дохил шудани вилояти Уструшана давраи устуворӣ ва аз даст рафтани истиқлолияти комили он меҳисобад.
Дар пойтахти ин мулк шаҳри Бунҷикат чаҳорсўи шаҳр – «Чаҳорсўи Амир» ва яке аз чор дарвозаи шаҳр низ «Дари Амир» ном дошт. Ин сабаб дошт. Чунки ҳокимони вилояти Уструшанаро то замони ба ҳайъати давлати Сомониён дохил шудан, «афшин» меноманд (5, 7).
Яке аз дигар асарҳои академик А. Мухторов «Мақоми ҷаҳонии уструшаниҳо» маҳсуб меёбад, ки бахшида ба 2500-солагии вилояти таърихии Истаравшан интишор намудааст. Дар ин бора устод Ҳ.
Пирумшоев қайд мекунад, ки «мавзўи Истаравшан дар фаъолияти илмии устод ҳангоми расман қабул шудани Фармони Президенти ҷумҳурӣ (аз 4 майи соли 2000) оид ба ҷашнгирии 2500-солагии шаҳри Истаравшан рўзҳои 8-11 сентябри соли 2002 таккони махсус пайдо намуда, чандин мақолаҳои илмӣ ва китобҳоро доир ба ин шаҳри бостонӣ интишор намуд. Дар китобҳои «Курушкада, Истаравшан, Ӯротеппа», «Шиблии Истаравшанӣ», «Мақоми ҷаҳонии уструшаниҳо» омўзиши таърихи ин мулки (бештар шаҳри) бостониро аз давраҳои қадим батадриҷ то ҳадди охири асри Х расонид. Дар ин назари нав ва мукаммали ба маъхазҳои мўътамад асосёфта, муаллиф тавонистааст, ки бисёр саҳифаҳои таърихи ин мулки бостониро барои хонандаи муосир ва оянда равшан созад» (3, 71).
Академик А. Мухторов дар баробари омўзиши таърихи нуҳуфтаи Уструшанаи бостонӣ ба таҳқиқу омўзиши шахсиятҳои маъруфи он низ машғул шуда, дар ин бобат чандин мақолаҳои илмӣ ва рисолаҳои алоҳида интишор намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё