70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Асарҳои дигари А. Мухторов «Шиблии Истаравшанӣ» (6) мебошад. Муаррихи нуктасанҷ ва дақиқназар А. Мухторов дар асари мазкур доир ба омўзиши ҳаёту фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятии олими шинохтаи асрҳои IX-X Шиблии Истравшанӣ маълумот дода, ўро яке аз намояндагони барҷастаи илми тасаввуф тавсиф намудааст. Дар асар таълимоти Шиблии Истаравшани дар осор ва тазкираҳои шуаро ва мутафаккирони бузург, ба мисли Фирдавсии Тусӣ, Шайх Аттори Нишопурӣ, Абдуллои Ансорӣ, Унсурмаолии Кайковус, Шайх Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ ва дигарон мавриди таҳлулу омўзиш қарор гирифтааст.
Бояд қайд кард, ки дар баробари шахсиятҳои маъруфи адабӣ, таърихӣ ва маърифатиро тавсиф намудан, А. Мухторов ба таҳлилу омўзиши шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ, маъмурӣ ва ҳарбии мулки бостонии Уструшана назари худро баён намудааст. Аз ҷумла, асари таҳлилии ба шахсияти маъруф бахшидаи ў «Афшин Ҳайдари уструшанӣ» (8) аз зумраи чунин таълифоти муаллиф ба шумор меравад. Дар асари мазкур таърихи ҳаёти сиёсию ҳарбӣ ва маъмурии Ҳайдар ибни Ковус, ки дар Хилофати Бағдод бо номи Афшин маъруф гардидан, маълумот дода мешавад. Дар асар тибқи ахбори сарчашмаҳо доир ба шахсияти афшин Ҳайдар маълумот дода шуда, қайд мегардад, ки баъди озими Бағдод гардидани афшин Ҳайдар бисёр шахсони маъруфи сиёсию ҳарбӣ ва аҳли фарҳанг ба ў ҳамроҳ буданд, ки ба ин гуна шахсон халифагони араб ниёз доштанд. Афшин Ҳайдар бо сабаби доштани қобилияти баланди ҳарбию сиёсӣ ва маъмурӣ ба дарбори халифагони араб ҷалб гардида, обрўй ва нуфузи баландро соҳиб мегардад ва то ба дараҷаи лашкардори бузурги дарбори хилофат таъин карда мешавад. Минбаъд афшин Ҳайдар дар таърихи сиёсии Хилофати Бағдод мавқеи муҳимро соҳиб шудааст. Барои пахши шўриши Бобак ў ба халифагони араб ёрӣ мерасонад. Бо сабаби пурқувват шудани мавқеи сиёсӣ, нуфузи худ афшин Ҳайдар ҳамеша кўшиши ҳаракати истиқлолиятхоҳиро дар дил мепарварид. Бо писараш Ҳасан, ки дар Уструшана ҳукмронӣ мекард, мукотибот дошт ва ҳамаи боигариҳо ва ғаниматҳояшро ба ватанаш Уструшана мефиристод. Ин амалҳои афшин Ҳайдар ошкор гардида, аз манзили ў китобҳои ба дини аҷдодии худ мансуб буда ёфт шуданд, ки далели ҳоло исломро қабул накардани ў мебошад. Аз ин ҷост, ки дар мурофиаи судии назди халифаҳои араб соли 841 ўро ҷазо медиҳанд ва ба зиндон мекашанд ва афшин Ҳайдар соли 842 дар маҳбас вафот мекунад. Чунин маълумотҳои ҷолиби таваҷҷўҳ дар асари устод А. Мухторов мушоҳида мешавад, ки аҳамияти муҳим доранд. Ҳамин гуна маълумоти муҳимро дар асари дигари академик А. Мухторов «Мақоми ҷаҳонии уструшаниҳо» (7), ки ба ду шахсияти маъруф афшин Ҳайдари уструшанӣ ва Шиблии истаравшанӣ бахшида шудааст, низ мушоҳида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё