Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Минбаъд академик А. Мухторов дар бораи афшин Ҳайдар боз асари дигареро эҷод кардааст. Дар ин таълифоти худ ў чунин менигорад ки «Таърихи сулолаи Ковусиён дар корнамоии афшин Ҳайдар дар асарҳои муаллифон В. В Бартолд. А. Ю. Якубовский, З. М. Буниятов, Б. Ғафуров, В. Ф. Минорский, Т. Кодирова, Н. Неъматов ва дигарон нисбатан мухтасар зикр ёфтаанд. Вале хсч калом и онҳо аз асарҳои муаррихи асри 11 араб Ҳилол-ас-Сабӣ «Русумлор-улхилофа», Байҳақӣ (996-1077) «Таърихи Масъудӣ» ва асарҳои олимони Эрон нисбати афшин истифода накардаанд. Мо зарур донистсм, ки дар асоси маълумотҳои мавҷуда ва ба тозагӣ дастраси мо гашта, ба таърихи афшини Ушрусана бори дигар баргардем. Инчуннн, дар хотимаи тадқиқотҳои худ маълумотҳои муаллифони асри IX Абулхасанн Балазурӣ ва Ҳилол-ас-Сабӣ ва Ҳаким Заҷҷоҷиро нусха намуда, пешкаши хонандагон намоем» (8, 3).
Дар бораи афшин Ҳайдар, Шиблии Истаравшанӣ, Оли Абусоҷ ва дигар шахсиятҳои маъруфи мулки Уструшана мақолаҳои алоҳидаи академик А. Мухторов дар маҷмўаи алоҳида бо номи «Авроқи рангинаи таърих» (9, 6-13, 22-45, 342-352) нашр шудааст, ки маълумоти ҷолиб медиҳад.
Ҳамин тариқ, таҳқиқу омўзиш ва таҳлили осори илмии академик А. Мухторов марбут ба уструшанашиносӣ аҳамияти калони илмӣ, амалию назариявӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ дошта, далели он аст, ки ин донишманди маъруф ва пурмасъул дар самти таҳқиқу омўзиши Уструшанаи замони истилои арабҳо ва аҳди Сомониён самҳми арзанда гузошта, ба ин васила бо осори пурарзиши худ дар ташаккул ва рушду равияи уструшанашиносӣ дар илми таърихнигории тоҷик хидмати шоиста дорад.

ПАЙНАВИШТ:

  1. Бартольд В. В. Туркестан в эпоху манголского нашествя. Том 2. Част 2. – С.
    Петербург, 1900. – 573 с.
  2. Марков А. Инвентарний каталог мусульманских монет имп.Эрмиража. – С.
    112
  3. Пирумшоев Ҳ. Кашшофи нақди таърих. – Душанбе: Деваштич, 2004. – 162 с.
  4. Мухторов А. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе: Оли Сомон, 1997. –
    79 с.
  5. Мухторов А. Курушкада, Уструшана, Уротеппа. – Душанбе: Амри илм, 2000.
    – 100 с.
  6. Мухторов А. Шиблии Истаравшанӣ. – Душанбе: Амри илм, 2000. – 36 с.
  7. Мухторов А. Мақоми ҷаҳонии уструшаниҳо. Асрҳои IX-X. – Душанбе: Сурушан, 2002. – 164 с.
  8. Мухторов А. Афшин Ҳайдари уструшанӣ – бузургтарин лашкаркаши араб.
    Асри IX. – Истаравшан: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 2005. – 100 с.
  9. Мухторов А. Авроқи рангини таърих. – Душанбе: Деваштич, 2007. – С. 6-13,
    22-45, 342-352.
пешина
аз 162
навбатӣ