70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Рақиб АБУЛҲАЕВ,
Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
САҲМИ К. П. МАРСАКОВ ДАР ОМЎЗИШИ
ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОНИ ШЎРАВӢ
Дар шароити вазнини даврони пас аз ҷангӣ бо ибтикори фарзандони фарзонаи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров Университети давлатии ба номи В. И. Ленин ва Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Дар ҷараёни ба ҳаёт тадбиқ намудани масъалаҳои ба миён гузошта, яке аз вазифаҳои муҳимтарин дар назди роҳбарияти Ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва омўзгорӣ таъмин кардани ин муассисаҳо маҳсуб буд. Аз ин рў, роҳбарони ҷумҳурӣ ва шахсан котиби аввали Ҳизби Комммунистии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров кўшиш мекарданд, ки дар як давраи муайян ин муассисаҳои илмӣ – омўзгориро бо кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби намояндагони ҷумҳуриятҳои иттифоқӣ таъмин намоянд.
Яке аз намояндаи халқи рус, ки барои инкишофи илми таърих, тайёр кардани кадрҳои илмиву омўзгорӣ дар солҳои пас аз ҷангӣ хизматҳои шоён кардааст, олими сермаҳсулу омўзгори пуртаҷриба Марсаков Константин Петрович мебошад. Соли 1932 оилаи Марсаков Константин Петрович аз Федератсияи Руссия ба ноҳияи Шаҳринави ҶШС Тоҷикистон кўч баст. Зеро барои баланд бардоштани ҳосилнокии хоҷагии кишоварзии ҷумҳурӣ дар он солҳо механизаторон ва деҳқонони таҷрибанок зарур буданд. Падари К. Марсаков маҳз аз чунин мутахасисон ба ҳисоб мерафт.
К. П. Марсаков дар деҳаи Шаҳринав мактаби миёнаро соли 1938 хатм намуда, хамон сол ба факултети таърихи Донишкадаи омўзгории ба номи устод С. Айнӣ дохил шуда, онро соли 1941 бо ихтисоси таърихшинос ва бо дипломи сурх хатм кард. Шавқу завқи К.
П. Марсаков ҳанўз дар солҳои донишандўзиаш бедор шуда, орзу дошт, ки пас аз хатми мактаби олӣ ҳатман ба аспирантура дохил шуда, ба масъалаҳои таърихи хоҷагии кишоварзӣ дар Тоҷикистон тадқиқоти илмӣ барад. Аммо орзуи ин ҷавони илмпарварро оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ муваққатан халалдор намуд. Зеро моҳи августи соли 1941-ум ў ба сафи артиши амалкунанда сафарбар карда мешавад. К. П. Марсаков, ки маълумоти олӣ дошт аз ҷониби сарварони ротаи амалкунанда ба вазифаи командири взвод таъин карда мешавад, ки бо роҳбарии вай сарбозон ба муқобили гитлерчиён ҷангҳои шадид бурда, ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз мекарданд. Дар набардҳои гуногуни ин ҷанги зидди гитлерӣ К.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё