70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
П. Марсаков чанд бор яродор шуда, ҳар вақт баъди саломат шудан боз ба ҷойгоҳи ҳарбии хеш баргашта то охири Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили гитлерчиён мардонавор муқобилият нишон додаст.
Моҳи августи соли 1946 ин сарбоз бо рутбаи капитан аз сафҳои артиши шўравӣ ҷавоб шуда, бо сари баланд ба ноҳияи Шаҳринав ба назди падару модари хеш, ки дар ин солҳои мудҳиш дар ақибгоҳ барои таъмини мамлакат бо маводи соҳаҳои хоҷагии кишоварзӣ заҳмат мекашиданд, расида омад. Аз байн чанд соли вазнини ҷангӣ ва пас аз ҷангӣ гузашта бошад ҳам, орзўи ба аспирантура дохил шуда, омўхтани таърихи инкишофи хоҷагии кишоварзии Тоҷикистон, ки дар он саҳми падар ва модари ў кам нест, аз фикру андешаи К. П.
Марсаков дур намешуд. Аммо, вазъияти иҷтимоии оилаашон ба вай имконият намедод, ки фавран ба аспирантура дохил шавад ва то моҳи августи соли 1951 дар мактаби миёнаи рақами № 1-и ноҳияи Шаҳринав дар вазифаи мудири қисми илмӣ ва муаллими фанни таърих кор кардааст. Аз моҳи августи соли 1951 то моҳи августи соли 1952 К. П. Марсаков дар кафедраи таърих СССР-и Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) дар вазифаи лабаранти калон кор кард ва дар ин муддат аз баромаду сўҳбатҳои илмии олимони варзида баҳраманд гардид ва аз онҳо таҷрибаи илмиро аз бар кард.
Пас аз чанде К. П. Марсаков ба хулосае омад, ки ба аспирантураи назди Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, яке аз шохаҳои то ин дам кам тадқиқшудаи таърихи даврони Шўравиро кор карда барояд. Бо ҳамин мақсад ў соли 1952 ба аспирантураи назди кафедраи Таърихи Ватании ин донишгоҳ дохил шуда, дар зарфи се соли таҳсили аспирантура тамоми адабиёти соҳаи кишоварзии мамлакатро аз бар кард. Устоди мо тавонист дар муддати камтар аз се сол диссертатсияро дар мавзўъи «Сохтмони колхозӣ дар Тоҷикистон дар солҳои панҷсолаи дуюм» ба итмом расонида, соли 1955 онро дар Шўрои диссертатсионии назди Университети давлатии Тоҷикистон ҳимоя намояд.
Дар ҳамин давра дар Донишкадаи омўзгории шаҳри Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ мутахасисони баландихтисоси унвондор намерасиданд. Аз ин рў, соли 1955 бо супориши ҳукумати Ҷумҳурӣ номзади фанҳои таърих ва дотсент К. П. Марсаков ба вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ ба Донишкадаи омўзгории шаҳри Кўлоб роҳхат мегирад. Ба ҷуз ин вазифа, ў дар кафедраи таърих чун омўзгор кор мекард. Дар зарфи панҷ сол дар ин даргоҳи илму фарҳанг софдилона кор карда, дар тайёр кардани кадрҳои илмиву омўзгорӣ саҳми худро мегузарад. Худаш бошад дар ин муддат ба ҷуз корҳои маъмурӣ ва таълиму тарбия ба татқиқотҳои илмӣ мунтазам машғул шуда, чанд асари баландмазмуни илмиро ба поён мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё