70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Бештари корҳои илмӣ-татқиқотии олим К. П. Марсаков доир ба сохти колхозиву совхозӣ, инкишофи ирригатсияву мелиоратсия ва азхуд намудани заминҳои бекорхобида, фаъолияти МТС-ҳо ва ғайра бахшида шудаанд. Масалан, К. П. Марсаков дар давраи кор дар Донишкадаи омўзгории ба номи А. Рўдакии шаҳри Кўлоб чунин масъалаҳои дар илми таърих то он дам тадқиқ нашуда, яъне: Инкишофи хоҷагии халқи Тоҷикистон дар солҳои панҷсолаи дуюм, азхудкунии заминҳои нав дар нимаи аввали солҳои 30-уми асри сипарӣ шударо, ки барои тарақиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии кишоварзӣ аҳамияти муҳими иқтисодӣ – иҷтимоӣ доштанд пешниҳоди хонанда намудааст.
Масъалаи таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ ва меморатсияву ирригатсия низ диққати олимро ба худ ҷалб намуданд. Тадқиқотчи нуқтасанҷ К. П. Марсаков дар корҳои имии хеш дар асоси таҳлили ҳамачонибаи маводҳои бойгонӣ, роҳу воситаҳои дар ҷумҳурӣ тайёр кардани кадрҳои соҳаи агротехникӣ, ирригатору мелиораторон ва механизаторон аниқу равшан ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Вобаста ба ин масъала, олим мақолаи «Мубориза барои ҳалли масъалаҳои тайёр кардани кадрҳо барои колхозу СМТ (стансияҳои мошину тракторӣ)-рӣ дар солҳои панҷсолаи дуюми Тоҷикистон»-ро навишт, ки он барои роҳбарони хоҷагиҳои дастҷамъӣ ва СМТ (стансияҳои мошину трактор)-ҳо аҳамияти илмиву амалӣ дошт.
Олими мўшикоф К. П. Марсаков дар давраи кор дар Донишкадаи омўзгории шаҳри Кўлоб асарҳои ҷолиб навишта чоп намуд. Аз он ҷумла дар мавзўъи: «Инқилоби маданӣ дар Тоҷикистони шўравӣ» кори илмие навишта, дар он омилҳои ғалабаи инқилобӣ маданиро илман исбот карда, сипас хусусияҳои ба ҳаёт тадбиқ кардани ин падидаро дар ҷумҳуриамон равшану возеҳ тадқиқ намудааст. Мақолаи дигаре, ки ў навиштааст: «Нақшаи ленинии кооперативикунонӣ ва татбиқи он дар ИҶШС» ном дорад. Дар ин мақола тадқиқотчӣ ба баъзе масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла муҳлати оғози ба вуҷуд омадан ва мустаҳкам шудани хоҷагиҳои ҷамъбастӣ ва фаъолияти ТОЗ-ҳо (итиҳодияҳои рафиқонаи коркарди замин) дар асоси маводҳои бойгонӣ равшанӣ меандозад.
Дар охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми садаи гузашта дар байни олимони намоёни соҳаи таърихи Ҷумҳурӣ, ба монанди аллома Бобоҷон Ғафуров, Зариф Раҷабов, Баҳодур Искандаров, Аҳрор Мухторов, Барис Литвинский, Вадим Ранов, Нуъмон Негматов ва дигарон андешаи навишта ба чоп тайёр кардани «Таърихи халқи тоҷик» дар се ҷилду панҷ китоб ба миён омад. Аммо ба ҳаёт тадбиқ кардани ин асари ҷамъбастӣ кадрҳои баландихтисоси таърихчиёнро талаб мекард, зеро ин асар, ки таърихи халқи тоҷик аз давраҳои қадимтарин то солҳои 60- уми асри ХХ-ро дар бар гирифта ба забони русӣ навишта мешуд.
Мақсад аз он иборат буд, ки ин асари аввалини ҷамъбастии халқи точикро бо ин забон намояндагони миллату халқиятҳои дигар ҳам хонда, аз таърихи ғании халқамон огоҳ гарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё