70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Барои ҳамин ҳам роҳбарияти академияи илмҳо ва институти таърих барои ба ин вазифаи муҳим ҷалб кадани олимон кушиш ба харҷ доданд. Таърихи даврони шўравӣ – ҷилди 3 ва китоби 1 ва 2-ро дарбар мегирифт, ки дар навиштани он дар қатори чунин олимони варзида Зариф Раҷабов, Баҳодур Искандаров, Темур Рустамов, Гафур Ҳайдаров, Мақсуд Шукуров, инчунин олимони дар он вақт ҷавон, Марсаков К.
П., Антоненко Б. А. Козачковский В. А , Николаев Ю. А., Л. П. Сечкина ва ғайра хизмату талошҳои арзандае карданд.
Бо мақсади навиштани ҷили 3 академик Зариф Раҷабов моҳи сентябри соли 1960 Марсаковро барои кори доимӣ ба сектори таърихи давраи шўравӣ ба вазифаи ходими калони илмӣ қабул карданд. Ӯ аз моҳҳои аввали навиштани лоиҳаи «таърихи даврони шўравии халқи тоҷик»
қобилияти илмии хешро нишон дод. Кобилият ва хизматҳои ўро ба эътибор гирифта, 4 январи соли 1964 дастгоҳи академияи фанҳои ҶШС дар маҷлиси худ дар бораи ба эътибор гирифтани пешниҳоди Институти таърихро оиди ба вазифаи мудири сектори таърихи ҷамъияти шўравӣ, номзади илмҳои таърих К. П. Марсаков тасдиқ кард. Аз ҳамин вақт сар карда, вазифаю ҷавобгарии ин марди шуҷоъ ва мубталои илм боз ҳам зиёд ва сангин мешавад. Ӯ қабл аз ҳама кормандони секторро аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд пурқувват карда, нақшаҳои минбаъдаи илмиро бо маслиҳату машварати олимони сектор муайян намуд. Ин олими пуркор бо ҳамроҳии дигар муаррихон бобҳои алоҳидаи «Таърихи халқи тоҷик» (ҷилди 3 ва китоби якум), ки солҳои 1917 – 1937-ро дарбар мегирад, навишта омодаи чоп кард.
Олим К. П. Марсаков ба ғайр аз масъалаҳои номбурда, инчунин барои навиштани бобҳои алоҳидаи китоби дуюми ҷилди 3 «Таърихи халқи тоҷик» (солҳои 1938-1963) саҳм гузошта, барои таҳрири бобҳое, ки аз ҷониби дигар олимон навишта шуда буд низ заҳмат кашидааст. К.
П. Марсаков чун омўзгори таҷрибанок барои навиштан ва таҳрири китоби дарсӣ оиди таърихи халқи тоҷик барои макотиби олӣ, ки то солҳои 60-уми садаи гузашта вуҷуд надошт, саҳми арзанда гузоштааст.
Соли 1968 дар нашриёти «Ирфон» нашри дуюми асари дастаҷамъии «Очеркҳои таърихи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон» аз ҷониби муаррихони Ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 28 ҷузъи чопӣ навишта аз чоп бароварда шуд. Дар навиштани масъалаҳои мубориза барои азнавсозии хоҷагии кишоварзӣ ва минбаъд мустаҳкаму инкишоф додани сохти колхозӣ К.
П. Марсаков саҳми бориз дорад.
Баъд аз навишта ба охир расонидани ҷилди 3-юми «Таърихи халқи тоҷик» ва чопи онҳо дар Институти Ховаршиносиии Академияи Фанҳои ИҶСШ, ки онро фарзанди фарзонаи халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров ба ўҳда гирифта буд, боз дар назди коллективи институти таърих, аз ҷумла сектори таърихи ҷамъияти шўравӣ бо сарварии К. П. Марсаков вазифаҳои ниҳоят масъулиятнок меистоданд. Бо роҳбарии К. П. Марсаков нақшаи минбаъд навиштани китобҳои ҷамъбастӣ ба муҳокимаи аъзоёни сектор ва шўрои олимони институти таърих, гузошта шуд. Ин нақша пас аз муҳокима аз ҷониби олимон бо баъзе эродҳо қабул карда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё