Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Қабл аз ҳама навиштани «Очерки таърихи сохтмони колхоз дар Тоҷикистон (солҳои 1917-1965)» оғоз гардид. Ин асари ҷамъбастӣ буда аз 28 ҷузъи чопӣ иборат аст ва аз ҷониби олимони сектори таърихи ҷамъияти шўравӣ Б. А. Антоненко, И. А.
Стетсенко, Х. Н. Дриккер, К. П. Марсаков, Л. П. Сечкина, С. А. Стетсенко навишта шудааст. Бобҳо 3,8 ва 9 бо қалами К. П. Марсаков тааллуқ дорад. Ин бобҳо ба масъалаҳои: «Ба анҷом расидани азнавсозии сотсиалистии хочагии кишоварзӣ дар Тоҷикистон ( солҳои 1933- 1957)», «Колхозҳои Тоҷикистон дар давраи мубориза баҳри барпо кардани базаи моддӣ-техникӣ (солҳои 1951 1965), ва «Ба амал баровардани инқилоби маданӣ дар деҳот (солҳои 1917-1940)» бахшида шуда буданд.
Дар боби 3 олим К.П. Марсаков дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, маводҳои воситаҳои ахбори умум, ахбороти оморӣ тавонистааст роҳу воситаҳо ва каҷравию нофаҳмиҳои дар ҷараёни ғалабаи колхозҳо рух додаро нишон диҳад.
Дар боби 8-уми ин асар «Колхозҳои Тоҷикистон дар давраи мубориза барои барпо кардани базаи моддӣ-техникии хоҷагиҳои коллективӣ (солҳои 1959-1965)». муаллиф диққати ҷиддиро барои ҳалли масъалаҳои Инкишофи хоҷагии кишоварзӣ, таъмини колхозу совхозҳо бо кадрҳои агротехникӣ, чорабиниҳои аз лиҳози моддӣ ҳавасманд кардани истеҳсолкунандагон, инкишофи обёриву таъмин кардани мелиоратсияи замин, азхуд кардани заминҳои нав, ҷамъбасти сохтмони колхозӣ, баланд бардоштани дараҷаи зиндагии деҳқонони колхозӣ равона намудааст.
Боби 9-уми китоб, ки «Ба ҳаёт тадбиқ кардани инқилоби маданӣ дар деҳоти Тоҷикистон» ном дорад, ҳалли илмии чунин масъалаҳоро дарбар гирифтаааст: барҳам додани бесаводии мардуми калонсол, инкишофи маорифи халқ, масъалаҳои маданӣ – равшаннамоӣ, пешрафти минбаъдаи инқилоби маданӣ.
К. П. Марсаков, ки худ мутахасиси таърихи аграрии Ҷумҳурӣ буд, муаллифони асаро аз ҳисоби кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ва дигар макотибӣ олӣ интихоб намуд.
Минбаъд К. П. Марсаков ва аъзоёни шуъба ба иншои таърихи синфи коргари ҷавони Тоҷикистон шуруъ намуданд. Ба К. П. Марсаков лозим буд, ки қабл аз ҳама лоиҳаи ин асарро навишта, аз муҳокимаи олимон гузаронад ва сипас муаллифони лаёқатнок, ки дар ин соҳа тадқиқотҳои арзанда доранд ба навиштани ин асари калонҳаҷм ва нахустин дар таърихнигории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалб намояд.
Асари ҷамъбастии «Таърихи синфи коргари Тоҷикистон, (солҳои 1917-1945)» аз ду қисм иборат аст. Қисми якум таърихи синфи коргари Тоҷикистонро дар солҳои 1917-1945-ро дар бар мегирад. Қисми дуюмаш бошад ба таҳлилу тадқиқи таърихи синфи коргари ҷумҳурӣ дар солҳои 1945-1970 бахшида шудааст. Ҳардуи ин китоб дар слҳои 1972- 1973 бо ибтикори К. П. Марсаков аз чоп баромаданд.
Дар солҳои 60-ум ва 70-уми садаи сипаригашта К. П. Марсаков дар навиштани ҷамъи асарҳое, ки дар макотиби олӣ ва Институти таърихи ҳизбии ҷумҳурӣ таҳқиқ карда мешуд, фаъолона ширкат меварзид.

пешина
аз 162
навбатӣ