Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ӯ яке аз муаллифони асари дуҷилдаи «Очеркҳои таърихи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон» ва маҷмуаи мақолаҳо «Тоҷикис-тон дар оилаи бародаронаи халқҳои ИШҶС» аст. Дар он солҳо барои макотиби олии ҷумҳурӣ китоби дарсӣ вуҷуд надошт ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ муаррихони Академияи илмҳоро вазифадор намуд, ки дар муддати муайян ин китобро нависанд. Се боби китоби дарсӣ барои макотиби олӣ «Таърихи Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон» (соли 1968) аз ҷониби К. П. Марсаков навишта шудааст. Ба қалами ў дар ҳаҷми зиёда аз 100 ҷузъи чопӣ даҳҳо корҳои илмӣ – тадқиқотӣ навишта шуда, олимон ба онҳо баҳои сазовор додаанд. Аз ҷумла метавон чунин тадқиқотҳои илмии ўро хотиррасон кард: «Инкишофи хоҷагии халқи Тоҷикистон дар солҳои панҷсолаи дуюм»; «Азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Тоҷикистон дар солҳои панҷсолаи дуюм» «Мубориза барои ҳалли тайёр кардани кадрҳо барои хоҷагиҳои сарҷамъӣ ва СМТ дар солҳои 30-уми садаи ХХ»; «Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар арафаи оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ»; «Инқилоби маданӣ дар Тоҷикистони шўравӣ»; «Нақшаи кооперативӣ ва ба ҳаёт тадбиқ намудани он дар ИҶШС» ва ғайра. Дар асарҳои илмии К. П.
Марсаков хонанда нуқтаи назари навоварӣ ва навҷуии ин тадқиқотчии ҷиддиро дарк намуда, аз онҳо барои кори илмии хеш истифода хоҳад бурд.
Пўшида нест, ки К. П. Марсаков барои чанде аспирантҳо ва унвонҷуён вазифаи роҳбари илмиро иҷро намуда, чанд номзадҳои илми таърихро тайёр кард, ки имрўз онҳо дар Академияи илмҳо ва макотиби олии ҷумҳурӣ вазифаҳои илмиву омўзгориро иҷро намуда истодаанд.
Аз ҷумла, нависандаи ин сатрҳо дар мавзўъи «Мустаҳкам намудани ҳокимияти шўравӣ дар болооби Зарафшон ( солҳои 1918-1923), Богуманова З. З., «Дар роҳи ҳамкориҳои маданӣ», Нарзуллоев С. «Сохтмони роҳҳо ва рушди нақлиёт дар Тоҷикистон дар солҳои 1917-1941», Шевченко З. М. «Аз таърихи корҳои китобхона дар Тоҷикистон» ва дигарон дар ин мавзўъҳо бо роҳбарии К. П. Марсаков тадқиқотҳои илмӣ гузаронидаанд.
Ҳамин тавр, К. П. Марсаков олими дақиқсанҷ, омўзгори садҳо нафар ҷавонони тоҷик ва роҳбари чандин аспирант унвонҷўён ва муҳаррири асарҳои ҷамъбастӣ, ки дар онҳо масоили муҳимтарини таърихӣ Тоҷикистони шўравӣ ба таври объективӣ навишта шудаанд, ҳиссаи арзандаи хешро гузаронидааст. Номи ин абармард дар сафҳаи таърихи халқи точик абадан сабт ёфтааст ва олимони имрўзу фардои тоҷик ўро бо хушнудӣ ба забон гирифта, таҷрибаи кори ўро дар амал иҷро хоҳанд кард.

пешина
аз 162
навбатӣ