70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Намоз ҲОТАМОВ,
Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшносии ба номи А. Дониш
МУҲАҚҚИҚИ ҚАҲРАМОНИИ ТОҶИКИСТОНИЁН
ДАР НАБАРДҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба ифтихори 76-умин солгарди Рўзи Ғалаба бар фашизм таъкид намуданд, ки «ҳар сол мардуми сулҳдўсти сайёра, аз ҷумла сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол, даҳшати ин ҷанги хонумонсўзро ёдоварӣ намуда, 9-уми майро ҳамчун санаи таҷлили корнамои мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегиранд». Дар давоми ин Паёми шодбошӣ, Президенти мамлакат Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар таърихи инсоният аз ҷумлаи «фоҷиабортарин ҷангҳо» ҳисобида, таъкид мекунанд, ки «оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанўз дар ҷисму қалби мардуми сайёра эҳсос мегардад».
Президенти мўҳтарам барҳақ таъкид мекунанд, ки «… ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷиаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шўравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад».
Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 72 мамлакатҳои ҷаҳон иштирок доштанд, ки шумораи сарбозонашон ба 110 млн нафар мерасид. Дар амалиётҳои ҷангӣ техникаҳои пуриқтидортарини замон истифода гардид. Бо ҳамин сабаб харобиҳо ва талафоти ҷонии ин ҷанг хеле бузург буд.
Танҳо талафоти ҷонин ҷанг 50-65 млн нафарро ташкил дод. Нисфи онро, яъне – 27 млн нафарро талафоти халқҳои собиқ Шўравӣ ташкил намудаанд.
Чуноне дар Паёми шодбошии Президенти мамлакат таъкид гардидааст, дар оғози ҷанг аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 1,5 млн нафар буданд. Аз ин миқдор беш аз 300 ҳазор нафарашон, асосан мардҳои солим барои мудофиаи собиқ Иттиҳодӣ Шўравӣ сафарбар гардидаанд, ки ин 20%-и қувваи асосии кории ҷумҳурии моро ташкил медод.
Аз фиристодагони мамлакатамон 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок шудаанд.
Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, ҷанге, ки Олмони фашистӣ бо иттифоқчиёнаш ба муқобили Иттиҳоди Шўравӣ мебурд (яъне, солҳои 1941-1945), бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум аст. Зеро, Иттиҳоди Шўравӣ ватани ягонаи тамоми халқҳои собиқ Шўравӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин сабаб тамоми мардуми ин сарзамин, аз рўзҳои аввали ҷанг, ба мудофиаи он бархеста буданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи собиқ халқҳои Шўравӣ саҳифаи махсусро ташкил мекунад. Ин ҷанг барои исботи мустаҳкамии дўстии онҳо имтиҳони ҷиддие буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё