Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Зеро, фашистони Олмон умед доштанд, ки баробари ҳуҷуми онҳо ба хоки Иттиҳоди Шўравӣ, гўё халқҳои ғайрирус ба муборизаи озодихоҳӣ бархеста, силоҳи худро ба муқобили халқи рус гардонида, амалиёти забткоронаи онҳоро осон мегардонанд. Аммо умеди онҳо хом баромад.
Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми халқҳои собиқ Шўравӣ, аз ҷумла, мардуми Тоҷикистон, ҳуҷуми фашистон ва иттифоқчиёни онро, ҳуҷум ба хонаи худ ҳисоб карданд. Ҳарчанд дар замони ҳукумати подшоҳӣ, дар империяи Русия, нисбат ба халқҳои ғайрирус, ҳисси бадбинӣ ҳукмрон буд, аммо зиндагии якҷояи солҳои 20-30-юми асри XX, махсусан кўмакҳои амалӣ барои бартараф намудани қафомондагии иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангӣ, ба тамоми норасоиҳои давр нигоҳ накарда, тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравиро бо ҳам наздик намуд. Иттифоқи мустаҳками онҳоро Ҷанги Бузурги Ватанӣ исбот намуд.
Бинобар ин, тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ҳассаи худро дар ин ҷанг омўхта, аксари онҳо, маҳз яке аз сабабҳои ғалаба дар Ҷанги Бузургӣ Ватаниро дар мустаҳкамии иттифоқи тамоми халқҳои собиқ Шўравӣ ва устувории алоқаи ақибгоҳ бо фронтҳои ҷангӣ ҳисобидаанд.
Дар ҷумҳурии мо оид ба замони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ асару мақолаҳои зиёде офаридаанд. Аммо шахсе, ки тамоми умри бобаракати худро маҳз бо ҳамин мавзўъ бахшидааст доктори илмҳои таърих, профессор Лидия Петровна Сечкина (1927-2021) ба ҳисоб меравад.
Лидия Петровна Сечкина 12 марти соли 1927 дар шахри Орёли Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Ӯ дар зодгоҳаш ба воя расида, дар ҳамон ҷо мактаби миёнаро хатм намуда, соли 1945 ба шуъбаи забонҳои эронии (форсии) факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ба номи А. А.
Жданов дохил шуд. Ҳангоми таҳсил Лидия Петровна аз шарқшинсони номии давр таълим гирифта, соли 1950 донишгоҳро бомуввафақият хатм намуд. Солҳои 1950-1952 дар донишгоҳи шабонаи марксизм – ленинизм низ таҳсил намудааст. Соли 1951 Лидия Петровна Сечкина барои кор, ҳамчун муаррих – шарқшинос ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад. Он сол ба таъсиси Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мувофиқ омад. Аниқтараш, филиали Академияи Илмҳои ИҶШС, ки дар ҷумҳурӣ амал мекард, ҳамчун марказӣ илм мустақил гардид, ва аввалин Президенти он, бо тавсияи Бобоҷон Ғафуров устод Садриддин Айнӣ интихоб гардид. Фаъолияти Лидия Петрова ҳамчун муаррих аз рўзҳои аввал дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониш сурат гирифт.
Маҳз Бобоҷон Ғафуров ба Лидия Петровна Сечкина пешниҳод карданд, ки ба омўзиши мавзўи «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» машғул шавад ва таъкид намуданд, ки «бо ин мавзўъ тамоми умр фаъолият намоӣ ҳам, кифоягӣ намеунад!»

пешина
аз 162
навбатӣ