Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Чунин пешгўии Бобоҷон Ғафуров дуруст баромад. Зеро, Лидия Петровна Сечкина тамоми умри дар Тоҷикистон буданаш, яъне то соли 1992, дар тўли 41 сол, бо ҳамин мавзўъ машғул шуда, асару мақолаҳои зиёди хонданибоб офаридааст.
Лидия Петровна Сечкина дар Институт таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш аз ходими хурди илмӣ то ходими пешбари илмӣ расидааст. Дар конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва форумҳои гуногуни илмӣ бахшида ба қаҳрамонии Тоҷикистониён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо маърўзаҳо баромад кардааст.
Солҳои 1956-1960 Лидия Петровна дар аспирантураи назди институт (ғоибона) таҳсил намудааст. Моҳи январи соли 1961 дар мавзуи «Шуҷоати меҳнатии халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» («Трудовой подвиг Таджикского народа в годы Великой Отечественной войны (1941-1945)») рисолаи номзадиро дифоъ намуд. Аз 1 июни соли 1961 ў ходими калони илмии институт ба ҳисоб мерафт. 15 январи соли 1989 рисолаи докториро дар мавзўи «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)» дифоъ намуда, сазовори унвони доктори илмҳои таърих гардидааст.
Лидия Петровна Сечкина муаллифи асару мақолаҳои зиёде мебошад,ки қариб ҳамаи онҳо ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» бахшида шуданд. Муҳаққиқ қариб дар тамоми асарҳои коллективона, ки дар ҷумҳурӣ нашр гардидааст ва мавзўи таърихи замони Ҷанги Бузургӣ Ватаниро дар бар мегирад, ҳиссаи худро гузоштааст. Аз ҷумла дар ҷилди 3-и китобӣ 2- юми асари се ҷилда (аз панҷ китоб) ва ҷилди шашуми асари шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик», «Тоҷикистони Шўравӣ дар дар ҷанги Ватанӣ»; «Очеркҳои таърихи ҳизби коммунистии Тоҷикистон»; «Очеркҳои таърихи сохтмони колхозӣ дар Тоҷикистон; «Таърихи синфи коргари Тоҷикистон»; Очеркҳои таърихӣ сохтмони фарҳангӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1917-1975 )» ва ғайраҳо ҳиссаи босазое гузаштааст.
Маҳсули ҷустуҷўи мунтазами Лидия Петровна Сечкина чунин асарҳои алоҳидаи муаллиф гардид: «Трудовой подвиг Таджикского народа в годы Великой Отечественной войны (1941-1945) («Шуҷоати меҳнатии халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ)» (1941- 1945)»//«Труды АН Таджик ССР. Т.25 – Душанбе, 1960 «Овеянные славой» («Шуҳратмандон») – Душанбе, 1960 (бо забони тоҷикӣ); «Фарзандони шарафманди Тоҷикистон». –Душанбе, 1968. – 152 саҳ.
(бо забони тоҷикӣ); «Фарзандони шарафманди Тоҷикистон дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (Доблестные сыны Таджикистана на фронтах Отечественной войны). Душанбе, 1980. – 228 стр; «Твои герои, Таджикистан» (Қаҳрамонони ту, Тоҷикистон). – Душанбе, 1985 – 240 с ва ғайраҳо.

пешина
аз 162
навбатӣ