Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Лидия Петровна Сечкина барои навиштани онҳо аз маводҳои бойгонӣ ба тарзи васеъ истифода бурдааст. Бо қахрамонони асарҳои худ, ки аз ҷанг зинда баргаштаанд (махсусан Қаҳрамонони Иттиҳоди Шўравӣ) ва дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, аз наздик шинос буд ва борҳо бо онҳо ҳамсўҳбат шудааст.
Яке аз аввалин асаре, ки Л. П. Сечкина нашр намудааст «Шарафмандон» (Дар бораи Қаҳрамонони Иттиҳоди Шўравӣ – фиристодагони ҶШС Тоҷикистон» («Овсянные славой (О Героях Советского Союза – посланницев Таджикской ССР») ба ҳисоб меравад. Ин асар соли 1960 нашр гардидааст ва натиҷа фаьолияти қариб даҳсолаи муаллиф оиди мавзўи интихобнамудааш мебошад. Он лаҳза, муаллиф аз бойгониҳои гуногун дар бораи 38 нафар каҳрамонони Иттиҳоди Шўравӣ, аз ҳисоби фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маълумот пайдо намуда буд. Дар қисми аввали китоб, дар бораи иштироки Тоҷикистониён дар амалиётҳои ҷангӣ таввақуф намуда, диққати асосиро ба фаъолият ва корнамоии ҷангии қаҳрамонон бахшидааст.
Дигар асари пурарзиши Л. П. Сечкина «Фарзандони шарафманди Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ба ҳисоб меравад, ки он ҳанўз соли 1980 аз тарафи нашриёти «Дониш» нашр гардида буд. Ин китоб аз сарсухан, 9 боб ва хулоса ибора аст. Агар дар сарсухан муаллиф мухтассар дар бораи дараҷаи омўзиши масъала таваққуф намояд, пас дар бобҳо ба лаҳзаҳои гуногуни замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ алоҳида таввақуф намудааст. Аз ҷумла:
Дар масъалагузории аввал, ки «Пеш аз ҷанг» («Перед войной») ном дорад, муаллиф воқеаҳоро аз бунёди артиши сурх, таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва ба ҷумҳўрии иттифоқӣ табдил додани он, оиди Қонуни Иттиҳоди Шўравӣ, аз соли 1931 «Дар бораи хизмати ҳатмии ҳарбӣ», ки дар асоси он моҳи феврали соли1931 анҷумани IV Умумитоҷикии Шўроҳои ҷумҳурӣ қарор қабул кард, то ҷанги Шўравию финҳо ва оғози Ҷанги Бузурги Ватаниро дар бар мегирад.
Мувофиқи ин қарор, барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ таъин гардидааст. Дар асоси Қонуни ҶШС аз 1 сентябри соли 1939, ки дар рўзи оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон қабул гардида буду «Дар бораи хизмати умумии ҳарбӣ» ном дошт, барои тамоми мардуми Шўравӣ, хизмати ҳатмии ҳарбӣ эълон гардид.
Ҷанги Шўравию финҳо соли 1939-1940 ба амал омадааст. Маҳз дар ҳамин ҷанг Неъмат Қарабоеви конибодомӣ қахрамонӣ нишон додааст. Ӯро соли 1939 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудаанд. Вай дар муҳорибаи Виборг шуҷоат нишон дода, ба гирифтани унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сазовор гардидааст. Неъмат Қарабоев на танҳо аввалин қаҳрамон аз ҷумлаи тоҷикон, балки аз ҷумлаи тамоми халқҳои маҳаллии Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад.
Дар ҳамин ҷанг боз тоҷикистониён Холмурод Саидови шаҳринавӣ ва Шоҳмансур Назаровӣ ғармӣ (ў котиби кумитаи комсомолӣ вилояти Ғарм буд) иштирок намудаанд.

пешина
аз 162
навбатӣ