Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳанўз то оғоз Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дўстии халқҳои Шўравӣ ва ягонагии онҳо дар муҳофизати Ватан, дар ҷанги Шўравию финҳо аз имтиҳон гузаштааст.
Дар масъалагузории дуюм, ки «Оғози ҷанги шадид» («Начало суровых испытаный») ном дорад, сараавал ҳолати оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ», яъне бо қувваи хеле бузург, саҳарии 22 июни соли 1941, якбора аз баҳри Беренг то баҳри Сиёҳ ба мамлакати Шўравӣ аҳдшиканона, ҳуҷум кардани Олмони фашистӣ бо иттифоқчиёнашро инъикос намудааст.
Гарчанде амалиёти ҷангӣ аз сарҳади ғарбии Иттиҳоди Шўравӣ оғоз гардида бошад ҳам, вале аз рўзҳои аввали ҷанг мардуми Тоҷикистон барои муҳофизати ватани ягонаи худ – Иттиҳоди Шуравӣ бархестанд.
Ҳарчанд, ҷумҳурии мо аз хатти фронти ҷангӣ хело дур буд, вале тамоми ҳудуди мамлакатро ҳаракати ихтиёриён, ки ба фронт рафтан мехостанд, фаро гирифт. Аллакай дар аввали соли 1942 дар ҷумҳурӣ ихтиёриён ба 5857 нафар ва дар тамоми замони ҷанг ба зиёда аз 10 ҳазор нафар расидааст.
Банди сеюми китоб – «Дар ҳимояи пойтахти Ватан» («На защиту родной столицы») он каҳрамонҳое , ки ҳангоми мудофиаи пойтахти Иттиҳоди Шўравӣ – шаҳри Москва диловарӣ нишон додаанд, акс гардиданд. Барои мудофиаи ин шаҳри ҳамон вақт барои мардуми Шўравӣ муқаддас, аз 30 сентябри соли 1941 то 7-уми январи соли 1942 ҷангҳои шаддит давом кардааст. Дар ин ҷанг фашистон 77 двизияи худро гузошта буданд ва номи амалиётро «Тайфун» («Тўфон») номиданд. Дар ин муҳориба ҳазорҳо нафар фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла Б. Искандаров (минбаъд академик), С. Улуғзода (минбаъд нависандаи номӣ), М. Маҳкамов, И. Обидов ва дигарон иштирок намуда, дар муҳофизати шаҳри Москва ҳиссаи худро гузоштаанд.
Дар боби чоруми китоб, ки «Дар муҳорибаҳои Волга» («В сражениях на Волге») ном дорад, ки дар муҳорибаи машҳури Сталинград тавсиф шудааст. Дар ин муҳориба, аз фиристодагони ҷумҳурии мо Б.
Саидов, Ш. Аҳмадҷонов, М. Раҳимов, Ш. Ӯрунов, В. Бойко, С. Логутин ва дигарон иштирок намудаанд.
Банди панҷуми китоб «Дар назди девори Ленинград» («У стен Ленинграда») ном дорад. Муаллиф барҳақ қайд мекунад, ки муҳорибаи назди Ленинград дурахшонтарин саҳифаҳои қаҳрамононаи муҳофизони он – намояндагони тамоми халқҳои собиқ Шўравӣ, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳисоб мекунад.
Дар муҳорибаҳои назди Ленинград, аз фиристодагони Тоҷикистон ва ё баъди ҷанг ба ҷумҳурии мо омада: Ш. Исоев, Иброҳимов, Абдулло Шамсиддинов, Аваз Ризоев, Гурез Ғаниев, Ш. Ӯлмасов, М.

пешина
аз 162
навбатӣ