70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Н. Адамовский, И. Соснин, В. Г. Недошивин, И. Симаков ва дигарон ба хисоб мераванд. Аз ҷумла, Вениамин Недошивин баъди ғалаба ҷумҳурии моро ба манзили зиндагии худ қарор додааст. Дар лаҳзаи мудофиаи Ленинград, ў ҳамчун разведчик зиеда аз 100 маротиба ба мавқеи душман даромада, якчанд нафар фашистонро асир гирифта, ба мавқеи аскарони худ овардааст. Маҳз чунин хизматҳои Вениамин Недошивинро ба назар гирифта, ўро бо унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сарфароз намудаанд.
Муҳосираи шаҳри Ленинград 900 рўз давом кард. Ниҳоят, 18 январи соли 1943 аскарони Шўравӣ муҳосираи фашистонро рахна намуданд. Дар озод намудани ин шаҳри қаҳрамон фронтҳои Ленинград, Волхов ва флоти Балтика ҷонбозиҳои зиёд нишин додаанд.
Дар озод намуданд шаҳри қаҳрамон, падари нависандаи ин сатрҳо – Ҳотамов Босар, ки аз дехаи Шоботии вилояти Бухоро, соли 1939 сафарбар гардидааст, ҳамчун тўбчии дурзан иштирок намуда, Рўзи Ғалабаи 9-уми майро дар шаҳри Прага пешвоз гиирифта, соли 1945 ба Ватан баргаштааст.
«Ҷанг дар камони Курск» («В битве на Курской дуге») банди шашуми китобро ташкил менамояд. Баъди ғалаба дар ҷанги Сталинград, барои аскарони сурх шароит муҳайё гардид, ки аз Ленинград то кўҳҳои Кавказ, ба муқобили фашистон ба ҳуҷуми умумӣ гузаранд. Дар ҷангҳое, ки дар Кавкази Шимолӣ ба вуҷуд омад, фарзанди далери Бадахшони Шўрави Мастибек Тошмухаммадов шуҷоат нишон додааст ва аввалин мукофот – медалӣ («За отвагу») сарфароз гардидааст. Дар оянда ў аз байни тоҷикон то ба аввалин рутбои генералӣ расидааст.
Тобистони соли 1943 аллакай хатти фронти ҷангӣ ба қафо, ба Ғарб партофта шуд. Он хат аз шаҳри Ленинград то Таганрогро ташкил медод. Аммо зимистони он сол аскарони Шўравӣ, дар натиҷаи муҳорибаҳо фашистонро дар ноҳияҳои Курск ба Орёл аз ин хат ҳам қариб 200 км. ғарбтар партофта буданд. Дар натиҷаи «Баландии Курск» (Курский выступ) ё худ «Камонони Курск» (Курский дуга) ба амал омад.
Фашистон мақсад доштанд, ки қусури бохташонро дар назди Москва, махсусан дар мухорибаи Сталинградро дар муҳорибаи назди Курск – Орёл бароранд. Бо ҳамин мақсад ба ин самт онҳо на танҳои қувваҳои зиёди ҳарбии худро ҷамъ кардаанд, балки ба танкҳои нави вазнини худ «тигр» ва «пантера» ва тупҳои «фердинанд» боварии калон доштанд. Ба ҳамин мақсад фашистон қариб 50 дивизяҳои беҳтарини худ, аз ҷумла 16 дивизяи танкӣ (аз ҷумла 2700 адад танкҳо) ва техникаи ҳаракаткунанда, зиёда аз 2 ҳазор адад самалётҳо ва ғайраҳоро сафарбар намудаанд. Умуман фашистон дар ин муҳориба шумораи сарбозони худро ба 900 ҳазор нафар расонида буданд.
Дар ҳамин муҳориба, ки тобистони ҳамон сол ба амал омад, тоҷикписарон Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев мардонагӣ нишон дода, сазовори унвони баланд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё