Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ гардидаанд. Маҳз дар ҳамин муҳориба фиристодаи Тоҷикистон, лётчик, камандири гвардияи авиатсионӣ Иван Душкин низ сазовори мукофоти олӣ шудааст. Иштирокчиёни ин муҳориба аз фиристодагони ҷумҳурии мо садҳо, эҳтимол ҳазорҳо нафар буданд. Аз ҷумла:
С. Шарипов, Абдумонон Ҳусанов, А. Қаҳҳорӣ (минбаъд шоир) , Сулаймон Худойбердиев ва дигарон фаъолони он муҳорибаи шадид буданд.
Як қисми алоҳидаи китоб (қисми ҳафтум) ба гузаштан аз дарёи Днепр «Форсирование Днепра») бахшида шудааст. Баъди шикастхўрӣ дар муҳорибаи Курок – Орёл фашистон соҳилҳои дарёи Днепрро гўё ба «қалъаи» мустаҳками ҳарбӣ табдил дода буданд. Кўшиш мекарданд, ки аскарони Шўравиро барои аз дарё гузаштан имкон надиҳанд. 26-27 сентябри соли 1943 ҳангоми гузаштан аз дарёи Днепр муҳорибаи шадиде ба амал омадааст. Дар ҳамин муҳориба ҳамватанони мо Саидқул Турдиев (собиқ ҷонишини комисари Комисариати халқии кишварзии ҷумҳурӣ), Қудрат Қаюмов, К. Е. Ходов, А. С. Гордеев, В. Бояркин, Б. Давлатов, Д. Т. Коржов, Н.А Аникин, М. М. Понфилов, Домулло Азизов ва дигарон сазовори унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ гардидаанд.
Қисми ҳаштуми китоб ба муҳорибаҳои ҳалкунандаи соли 1944 (« В решающих боях 1944 года») бахшида шудааст. Дар аввали ин сол аскарони Шўравӣ қисми бузурги сарзамини забтнамудаи фишистонро, аз баҳри Балтика то баҳри Сиёҳ озод намуданд. Вазифа меистод, ки хоки Шўравиро аз қадами номубораки фашистон тамоман озод намоянд.
Қисми нуҳуми китоб «Маҳви фашизми Олмон» («Разгром Германского фашизма») ном дорад. Дар ин қисм таъкид мегардад, ки дар натиҷаи ғалабаҳои пай дар пайи ин сол, сарзамини Шўроҳо на танҳо аз қўшунҳои фашистӣ ва итифоқчиёни он тоза карда шуд, балки аз душмани ғаддор озод намудани сарзамини мамлакатҳои Аврупо, ки аз тарафи фашистон ғасб гардида буд, оғоз гардид.
Ҳамин тавр, дар ин китоби номбурдаи Л. П. Сечкина дар бораи ҳамаи 54 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмат даъват шудаанд, маълумоти мухтасар дода шудааст.
Ба ғайр аз онҳо, дар китоб, дар бораи чаҳор нафар тоҷиконе, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва як нафар тоҷике, ки аз ҳудуди ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Қазоқистон (ноҳияи Бўстонлиқ, ки ҳоло дар ҳудуди Ӯзбекистон мебошад) ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанду, ба гирифтани унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сазовор гардидаанд, маълумоти мухтасар додааст.
Ҳамин тавр, Лидия Петровна дар 41 соли зиндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин муддат танҳо дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониши АМИТ фаъолият намуда, ба нуқтаи баланди илм расидааст, аз худ асару мақолаҳои зиёде мерос гузоштааст.

пешина
аз 162
навбатӣ