70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Лидия Петровна Сечкина 11 январи соли 2021 дар Бостони ИМА, дар сини 94 солагӣ, аз бемории коронавирус-пандемия вафот кард. Осоре, ки аз Лидия Петровна мерос мондааст, барои омўхтани таърихи замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва иштироки Тоҷикистониён дар он мукаммалтарин дастур ба ҳисоб меравад.
АДАБИЁТ:
- Матвеева Н. Б. 55-й Герой Советского союза – А. И. Левин из Таджикистана найден 70 – лет спустя//«Таджикистан в Великой Отечественной войне 1941-1945 гг». Материалы коференции. Душанбе, 2015. – С. 120-128.
2.Сечкина Л. П. Доблестные сыны Таджикистана на фронтах Отечественной войны. – Сталинабад, 1980. – С. 15.
3.«Минбари халқ». 2021. 12 май. – С. 3.
Рақиб АБУЛҲАЕВ,
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
САҲМИ Б. А. АНТОНЕНКО
ДАР РУШДИ ТАЪРИХИ ВАТАНӢ
Дар солҳои 30-уми асри сипаришуда тақдир як зумра мардуми русзабонро ба Тоҷикистони офтобруя барои кору зиндагӣ оварда буд. Аз ҷумла, оилаи Б. А. Антоненко низ соли 1930 ба Тоҷикистон омада муқимӣ шуд. Олими чирадаст Б. А. Антоненко соли 1927 дар шаҳри Чкалови Федератсияи Руссия дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Давраи ҳамчун олим ташаккулёбии ў маҳз дар кишвари мо рух дод. Ин ҷавони боақлу зирак соли 1945 мактаби миёнаи рақами яки шаҳри Душанберо хатм карда, ҳамон сол ба факултаи таърихи Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанбе ба номи С. Айнӣ дохил шуда, онро соли 1950 бо дипломи аъло хатм кард. Мутахасиси ҷавон Б. А.
Антоненко дар зарфи се сол дар муассисаҳои гуногуни шаҳри Душанбе кору фаъолият кардааст. Якчанд муддат ў ба корҳои омўзгорӣ шуғл варзида, сипас дар назди хеш вазифа гузошт, ки ҳаёти минбаъдаашро ба тадқиқоти илмӣ бахшад ва бо ҳамин мақсад дар назди худ орзуи ба аспирантура даромаданро гузошт. Соли 1953 ин орзуву нияташ ҷомаи амал пушид.
Сипас солҳои 1953-1956 ў аспиранти кафедраи таърихи донишгоҳи омўзгории шаҳри Душанбе шуда, дар зарфи се сол дар мавзўъи «Тайёрӣ ба колективонии оммавии хоҷагии кишоварзӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1926-1930 ) тадқиқоти илмӣ бурдааст. Аз соли 1956 ба шуъбаи таърихи давраи шўравии институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ба кор омад ва соли 1957 дар ҳамин мавзўъ рисолаи номзадиро дар Шўрои университети давлатии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд. Дар муддати кутоҳ ў дар ҷумҳурӣ олими пешбарандаи тадқиқоти илмии масоили дигаргуниҳои хоҷагии кишоварзӣ эътироф карда шуд.
Ӯ дар навиштан ва таҳрир кардани китоби ҷамъбастии соҳаи аграрӣ «Очерки таърихи сохтмони колхозӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1917-1965)» фаъолона ширкат варзидааст. Боби якум: «Ғалабаи ҳокимияти шўравӣ дар Тоҷикистон. Ба ҳаёт тадбиқ намудани аввалин дигаргуниҳои аграрӣ ва тайёрӣ ба ҳаракати дастаҷамъии колхозҳо (солҳои 1917-1929)» ном дорад. Ин боб аз ҷониби Б. А. Антоненко ва И. А. Стетсенко навишта шада аст, ки дар он аз ҷумла, чунин масъалаҳо мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд: «Хоҷагии кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ», «Ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон», «Гузаштан ба сиёсати нави иқтисодӣ», «Вазъияти хоҷагии кишоварзӣ дар Бадахшон ва ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон» ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё