Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин масъалаҳоро асосан дар асоси маводҳои бойгониҳои гуногун ва матбуои даврӣ ҳал карда, муаллифон ба хулосаи дуруст меоянд, ки дар солҳои барқароркунӣ ва ибтидои азнавсозии сотсиалистии хоҷагии халқ дар деҳоти тоҷик дигаргуниҳои куллӣ рух доданд, ки барои барпо кардани пешоҳангҳои сиёсӣ, моддӣ –техникӣ ва психологӣ барои гузаштани оммаи деҳқонони деҳот ба роҳи барпо кардани хоҷагиҳои коллективӣ замина омода мекунад.
Дар ҳамин сол нашри дуюми китоби «Очеркҳои таърихи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон» дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромад, ки он аз 28,5 ҷузъи чопи иборат буд. Ин асар гарчанде, ки номаш таърихи ҳизб бошад ҳам, дар он бо маводҳои арзандаи сарчашмаҳо, адабиёти таърихӣ ва воситаҳои ахбори умум муҷаҳҳаз буда, кулли масоили ҳаёти ҷамъиятӣ, яъне масоили иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмиву фарҳангии ҷумҳурӣ бо таҳлили илмӣ навишта шудааст. Дар навиштани бобу зербобҳои алоҳидаи ин асари ҷамъбастӣ олими ҷавон ва муҳаррири болаёқат Б. А. Антоненко саҳми бориз гузоштааст. Ӯ махсусан дар навиштани боби 3-уми ин китоб ва махсусан зербоби «Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар мубориза барои азнавсозии хоҷагии кишоварзӣ ва ба роҳ мондани инқилоби маданӣ»
ниҳоят саҳмгузор аст.
Таҳрири ин асари ҳамаҷониба аз лиҳози этикаи илмӣ бо бунёд аз ҷониби олимон В. А. Козачковский (роҳбар), М. Ф. Андерсон ва Б.
А. Антоненко иҷро карда шуд.
Бояд зикр кард, ки солҳои 60-уми асри ХХ дар ҳаёти илмӣ – тадқиқотии Б. А. Антоненко солҳои ниҳоят бобарор буд, зеро дар ин давра ў боз дар навиштану таҳрири чанд асарҳои ҷамъбастии таърихӣ фаъолона ширкат варзида, истеъдоди баланди илмиву таҳририашро дар назди аҳли илм нишон дод. Дар аввали ин солҳо ў ба навиштани бобу зербобҳои ҷилди 3-уми «Таърихи халқи тоҷик» бо ҷиддият қалам ба даст гирифт, гарчанде вазифаи масъулиятноки ҷонишини директори институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Донишро (1960-1969) ба ўҳда гирифта буд. Ин ҷилд солҳои 1917-1937-ро дарбар мегирифт, ки оид ба масъалаҳои сохтмони сотсиалистӣ фикру андешаҳои мухталиф, аз ҷумла роҳу воситаҳо ва давраҳои коллективонидани хоҷагии кишоварзӣ дар мавзеъҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклу воситаҳои гуногуни колективонӣ, давраҳои вуҷудияти коркарди рафиқонаи замин (КРЗ) ва рафти инқилоби маданӣ ва ғайра дар байни муҳақиқони илми таърих вучуд доштанд. Аз ин ҷо навиштани бобҳову зербобҳои ҷилди 3-юми «Таърихи халқи тоҷик» ниҳоят заҳматталаб буда, аз муаллифону таҳриргаронаш диққати ҷиддӣ ва меҳнати сангинро талаб мекард.
Олими дақиқсанҷ Б. А. Антоненко дар навиштани боби 3 – «Тоҷикистон дар давраи барқароркунӣ ва ибтидои азнавсозии хоҷагии халқ (солҳои 1926-1929)», зербобҳои: «Оиди мустаҳкам намудани вазъияти дохилӣ ва хориҷии СССР», «Қавӣ гардонидани ташкилотҳои ҳизбиву ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон», «Барқарор ва рушди хоҷагии кишоварзӣ» ширкат варзидааст.

пешина
аз 162
навбатӣ