70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ӯ ҳам дар кори аз нав кардан ва таҳрири ин асари аввалини ҷамъбастии тоҷикон дар садаи ХХ иштирок кардааст. Инчунин Б. А. Антоненко дар таҳрири китоби дуюм ва ҷилди сеюми «Таърихи халқи тоҷик (солҳои 1938- 1963)» низ саҳмгузори асосӣ буд.
Б. А. Антоненко ба Институти ховаршиносии АИ собиқ иттифоқ ба шаҳри Маскав рафта, пеш аз нашр шудани ин ду китоб онҳоро бори дигар бодиққат аз назар гузаронида, баъд ба чопи пурраи он имзо гузошт. Аз ин ҷо, ба хулоса омадан мумкин аст, ки аз навиштан то дар шаҳри Москав чопи асарҳои ҷамъбастии номбурда, Б. А. Антоненко ҳамчун муаллиф ва муҳаррир фаъолона саҳм гузоштааст.
Хизматҳои заҳматталаби ин олим бо «Грамотаи Фахрии Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Ба муносибати 50-солагии таъсиси Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон шуъбаи таърихи шўравии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш маҷмуи мақолаҳоро бо номи «Тоҷикистон дар оилаи бародаронаи халқҳои СССР» аз чоп баровард, ки дар он мақолаи илмии Б. А. Антоненко бо унвони «Давраҳои асосӣ ва хусусиятҳои махсуси дигаргуниҳои сотсиалистии хоҷагиҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон» ҷойгир аст. Дар ин мақола олим бо далелҳои муносиб ва раднашаванда давраҳои асосии инкишофи хоҷагиҳои кишоварзиро дар ҷумҳурӣ муайян кардааст. Ин давраҳо бо ҳаҷму хусусиятҳои ба худ хос фарқ мекунанд, ки ин фарқиятҳо ба таври аниқу возеҳ ва назариявӣ ба қалам дода шудаанд.
Бахшида ба муносибати 60-солагии инқилоби Октябр зери таҳрири Б. А. Антоненко маҷмуаи мақолаҳои олимон бо номи «Дар зери байрақи Октябри бузург» аз чоп баромад.
Дар солҳои 1979 ва 1983 ду ҷилд асари нахустини ҷамъбастӣ, ки «Таърихи сохтмони маданӣ дар Точикистон» ном дорад аз дасти чоп баромад, ки он дар илми таърихнигории ҷумҳурӣ ҷои махсусро ишғол карда, масъалаҳои мухталифи ҳаёти маданӣ ва фарҳангии халқи тоҷикро дар солҳои вуҷудияти ҳокимияти шўравӣ дарбар мегирад. Ин асари аҳмияти бузурги илмӣ дошта, бо саъю кўшиш ва талошҳои зиёди коркунони илмии шуъбаи таърихи навтарини Институт, аз ҷумла Р. М. Масов, К. П. Марсаков, Б. А. Антоненко, Л.
П. Сечкина, Р. А. Абулҳаев ва дигарон навишта шудааст. Дар ин асари дуҷилда, ки солҳои 1917-1977-ро дарбар мегирад олимон маводҳои ниҳоят зиёдро аз бойгониҳои ҳизбиву давлатии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон, инчунин маълумотҳои зиёди омории аз ин пеш дар татқиқотҳои илмӣ истифода нашуда, адабиётҳои мавҷуда ва воситаҳои ахбори умум ба таври танқидӣ истифода бурда, бо фикру ақида ва андешаҳои олимона ба риштаи таҳлилу тадқиқ гирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё