Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Олимони дар боло номбурда, аз ҷумла Б.
А. Антоненко, дар навиштани ин асар кўшиш ба харҷ доданд, ки тамоми масоили ҳаёти мадании халқи тоҷикро бо чузъиёташ дар асоси исботи илмӣ таҳлилу тадқиқ карда, баробари ин хусусиятҳои махсуси ин ҷараёнро нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқ аниқу равшан намоянд. Масалан, дар ин асар муаллифон ба ҷуз дигар хусусиятҳои махсус, ба вуҷуд омадан ва инкишофи минбаъдаи мактабҳои ҷадид, ва то ин дам вуҷуд надоштани услубу шева ва намудҳои гуногуни санъат, аз зулму асорат озодшавии занон ва онҳоро ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб кардан, мубориза барои барҳам додани бесаводӣ, ислоҳоти хат, тайёр кардани кадрҳои омўзгорӣ махсусан аз байни мардуми таҳҷоӣ, дигар масъалаҳои ҳаёти мадании халқи тоҷик ба қалам дода шудааст.
Яке аз масъалаҳои меҳнатталаб омода намудани ҷилдҳои «таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон» ва аз нав таҳрир кардани бобҳои ин асар ба ҳисоб меравад. Б. А. Антоненко ин вазифаи масъулиятнокро бо ҳамроҳии мудири сектори таърихи даврони шўравӣ К. П. Марсаков ба иҷро росониданд. Ба ҷуз ҳалли масоили номбаргардида Б. А. Антоненко бо ҳамроҳии К. П. Марсаков дар навиштан ва таҳрири лоиҳаи ҷилди сеюм ва китоби якуму дуюми «Таърихи халқи тоҷик» саҳми бориз гузоштаанд. Ӯ инчунин дар таҳрири чандин рисолаҳои номзадӣ ва докторие, ки дар шуъбаи таърихи навтарин мавриди муҳокима қарор гирифта буданд, мушовир ва вазифаи муҳаририро ба ҷо овардааст.
Б. А. Антоненко дар тартиб додани «Атласи Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон» ва навиштани асари ҷамъбастии»
Очеркҳои таърихи колективонии хоҷагии кишоварзии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ» иштирок карда қонуниятҳо ва хусусиятҳои хоси ҷараёни коллективонии Тоҷикистонро аз нуқтаи назари илмӣ таҳлилу баррасӣ кардааст. Муаллифони ин асари ҷамъбастии аҳмияти умумииттифоқӣ дошта, олимони забардаст ва таҷрибаи калони илмӣ дошта ба ҳисоб мерафтанд, аз ин рў на ҳар шахс ҷуръати ҳаммуалиф шудан ва навиштани ин кори илмиро дошт. Б. А. Антоненко бошад аз ўҳдаи ин вазифаи масъулиятнок баромада тавонист.
Каҳрамони ин сатрҳо Б. А. Антоненко дар навиштани дигар асарҳои ҷамъбастӣ ба мисли: «Таърихи халқхои Осиёи Миёна ва Қазоқистон аз давраҳои қадим то рўзҳои мо» ва «Дигаргуниҳои аграрии Осиёи Миёна ва Қазоқистон» низ ширкат варзидааст.
Б. А. Антоненко чун олими нуқтасанҷ ва муҳарири чирадаст дар муддати начандон дароз чандин асарҳои ҷолиб навишта, хазинаи илми таърихи ҷумҳуриро бою ғанӣ гардонидааст.

пешина
аз 162
навбатӣ