70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ӯ дар байни олимон ва ҳаводорони таърихи кишвари мо шуҳрати калон дошт. Аз байни ин асарҳо метавон чанде онҳоро ба забон гирифт, ки тадқиқотчиёни имрўзу фардо дар корҳои тадқиқотии хеш аз навиштаҳои ў бо камоли эҳтиром ва сипосгузорӣ истифода бурдаанд ва минбаъд хоҳанд бурд. Аз ҷумла, мавзўи номзадиаш «Тайёрӣ ба коллективонии оммавӣ дар хоҷагии кишоварзии Тоҷикистон», ки дар илми таърихи ҷумҳурӣ бори нахуст таҳлилу тадқиқ гардид, аз ҷониби олимон баҳои баланд гирифт ва ўро яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи таърихи аграрӣ намуд. Чандин мақолаҳои илмии олим писанди муаррихон гардидаанд, аз ҷумла: «Инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии деҳоти тоҷик дар солҳои аввали давраи барқароркунӣ (1926- 1927)», «Тайёрӣ ба коллективони оммавӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1928-1929)» «Инқилоби Октябр ва мубориза барои ҳалли масъалаҳои аграрӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1917-1929)», «Тағйироти куллӣ дар хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон», «Оид ба масъалаи даврабандии таърихи давраи шўравии Тоҷикистон»; «Давраҳои асосӣ ва хусусиятҳои махсуси сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷики стон», «Оид ба омўхтани таърихи сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон» ва ғайра. Дар тадқиқотҳои илмии хеш олим кўшиш кардааст, ки асарҳои муаррихони пешина оиди таърихи сохтмони ҳаёти навро аз нуқтаи назари танқидӣ ҳамаҷониба таҳлил карда, ҳақиқати таърихиро бо сарчашмаҳои боэътимод рўи об барорад. Ба ақидаи мо ў аз иҷрои мақсади ба пш мондааш бахубӣ баромада тавонистааст.
Дар солҳои 50-уми асри сипаришуда, дар байни муаррихони намоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди даврабандии таърихи халқи тоҷик аз давраҳои антиқӣ ва даврони шўравӣ дар саҳифаҳои воситаҳои ахбори умум фикру ақидаҳои гуногун ва ба ҳам зид баромаданд, ки онро хонандагони сершумор мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин баҳс асосан устодони макотиби олии ҷумҳурӣ ва кормандони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АФ фаъолона ширкат варзида, дар муайян кардани давраҳои асосии таърихи кишвар ҳиссагузор гаштанд.
Дар ин баҳси дар он вақт доманадор корманди шуъбаи таърихи навтарини халқи тоҷик, олими шинохта Б. А. Антоненко бо концепцияи илмии хеш ширкат варзида, фикру ақидаи хешро дар мақолаи махсуси ба ин масъала бахшид. «Оид ба масъалаи даврабандии таърихи Тоҷикистон дар замони шўравӣ» ба таври равшану возеҳ баён кардааст. Масъалаи даврабандии таърихи халқи тоҷик дар як конференсияи бонуфўз муҳокима гардида, дар ин маврид ба як хулосаи ҷаъбастӣ омаданд, ки таърихи сеҷилда (дар 5 ҷ. китоб) дар пояи ин даврабандӣ навишта шудааст. Дар ҷараёни муҳокимаи доманадор даврабандии ҷилди сеюм (китобҳои якуму дуюм), ки ба таърихи давраи шўравӣ бахшида шудааст, асосан консепсияи Б. А. Антоненко аз ҷониби олимон дастгирӣ гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё