Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ин рисола муаллиф дар асоси маводи ҳафриётҳои бостоншиносӣ ва тадқиқотҳои геологию табиатшиносӣ оид ба сохти геологӣ ва шароити табии водии Бешкент, қабатҳои археологӣ ва мадании он маълумот дода, бозёфтҳои давраи асри санг-асбобу олоту рўзгор, шикор ва меҳнатро таҳлил ва тавсифи типологӣ-техникии онҳоро хеле ҷолибу шавқовар баён намудааст.
Бостоншинос Каримова Галина Раҳимовна соли 1996 дар мавзўи «Омўзиши археологии Афғонистон ва масъалаи асри санги депрессияи (қабати геологии) Афғонистону Тоҷикистон»[8] таҳти роҳбарии бостоншиноси номӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор В. А. Ранов рисолаи номзадии хешро ҳимоя намуд.
Рисола дар асоси силсилаи «Маводи ҳайати бостоншиносии Фаронса дар Афғонистон», маҷаллаи «Афғонистон», маводи дастаи бостоншиносии шўравию афғон ва тадқиқотҳои дигар навишта шуда, дар он оид ба марҳилаҳои асосии омўзиши археологии Афғонистон, осори археологии асри санги депрессияи (қабати геологии) Афғонистон ва Тоҷикистон (Тоҷикистони Ҷанубӣ), натиҷаҳои омўзиши асри санги Афғонистон ва даврабандии он дар муқоиса бо Тоҷикистони Ҷанубӣ маълумот дода мешавад.
Соли 2007 бостоншинос Т. Г. Филимонова рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Палеолити боло ва мезолити депрессияи (қабати геологии) Афғонистон ва Тоҷикистон»[18] ҳимоя намуд. Бостоншинос Т. Филимонова дар тадқиқоти худ оид ба геология, шароити табиӣ ва иқлими Афғонистони Шимолӣ ва Тоҷикистони Ҷанубӣ, таърихи омўзиши археологии палеолити боло ва мезолити Тоҷикистон, бошишгоҳҳои палеолити боло дар доманакўҳҳои силсилакўҳи Ҳисор, бошишгоҳҳои палеолити боло ва мезолит дар миёнаобии дарёи Вахш, тавсифи хоҷагидорӣ дар асоси таҳлили функсионалии бозёфтҳои археологӣ, хронология (даврабандӣ) ва мансубияти мадании бошишгоҳҳои палеолити боло ва мезолити депрессияи (қабати геологии) Афғонистону Тоҷикистон маълумоти ҷолиб додааст.
Антонина Константиновна Писарчик яке аз мардумшиносони номии Осиёи Миёна буда, солҳои зиёд Сектори этнографияи Пажуҳишгоҳи таърих, археология ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистонро ба ўҳда дошта. Тадқиқотҳои пурарзиши ў оид ба ҳунари манзилсозӣ, сару либос, таоми миллӣ, урфу одати тоҷикони минтақаҳои гуногуни Осиёи Миёна, хусусан тоҷикони водӣ ва кўҳистон дар байни мардумшиносони ватанию хориҷӣ шўҳрат пайдо кардааст [7, 78].
Мардумшиноси номӣ Л. Ф. Моногарова соли 1951 дар Пажуҳишгоҳи мардумшиносии ба номи Н.

пешина
аз 162
навбатӣ