Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Н. Миклухо-Маклайи АИ ИҶШС дар мавзўи «Язғуломиён. (Таҷрибаи тасвири монографӣ)»[19,149- 151] рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд, ки он ба таҳқиқу омўзиши этнографии водии Язғуломи ВМКБ бахшида шудааст.
Мардумшинос З. А. Широкова тадқиқоти худро ба таҳқиқу омўзиши сару либоси (маданияти либоспўшии) тоҷикони кўҳистон[19] бахшида, дар ин ҷода хизмати шоиста намудааст.
Яке аз муҳаққиқони шинохтаи таърихи либоси тоҷикон дар давраи қадим ва асрҳои миёна Г. Майдинова мебошад[12]. Рисолаи доктории ин бонуи мардумшинос ба таҳқиқу омўзиши сару либоси тоҷикон, инкишофи ҳунари либосдўзӣ, навҳои либос ва тарҳрезии он, анвои маъто ва ороиши он, рангу мол, гулдўзӣ ва дигар хусусият-ҳои ҳунари либосдўзӣ ва либоспўшии тоҷикон дар асоси маводи бозёфтҳои илмии бостоншиносӣ ва маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ бахшида шудааст.
Дар таҳқиқу омўзиши таърихи санъати тоҷик ва шохаҳои гуногуни он, аз ҷумла санъати мусиқӣ, театр, ороишоти занона, зару зевар, ороишоти бадеӣ, кандакорӣ, дастраси аҳли илм гардонидани шоҳкориҳои санъат ва ҳунари тоҷикон саҳми бонувони муҳаққиқ мусиқишиносон, санъатшиносон Т. Белинская, Э. Гейзер, Зоя Тоҷикова, Нелли Юнусова[21] Елена Неъматуллоева ва дигарон хеле бузург аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳаҷми як мақолаи маҳдуд тамоми масъалаҳои марбут ба мавзўи мақола, тадқиқоту рисолаҳо ва саҳму хизмати бонувони муаррихро дар таҳқиқу омўзиши археология, этнография, санъат, таърихи давраи бостони халқи тоҷик инъикос намудан аз имкон берун аст. Масъалаи мазкур ҷустуҷў, саъю кўшиш, таҳлил ва пажўҳишҳои ҷиддии минбаъдаро тақозо менамояд.

ПАЙНАВИШТ:

  1. Амосова А. Г. Каменный век Бешкентской долины. Автореф. диссер. на соис. учен. степ. канд. ист. наук.-Ленинград, 1985. -23 с.
  2. Давидович Е. А. Нумизматические данные по социальноэкономической и политической истории Средней Азии X-XVIII вв. Автореф. диссер. на соис. учен. степ. докт. ист. наук.-М.:1964. -44 с.
  3. Давлятова Е. В. Деятельность руководящих национальных кадров Таджикистана в 1917-1924гг. (Историографический аспект). Автореф.
    диссер. на соис. учен. степ. канд. ист. наук.-Душанбе, 1994. -24 с.
  4. Данильченко Ш. А. Научно-организационная деятельност академика Е. Н. Павловского в Таджикистане. Автореф. диссер. на соис.
    учен. степ. канд. ист. наук. -Душанбе, 1990. -24 с.
  5. Дзидзишвили В. З. Таджикско-Памирская экспедитция АН СССР:история организации и проблемы иследования. Автореф. диссер.
    на соис. учен. степ. канд. ист. наук. -Душанбе, 1988. -22 с.
  6. Изатшоева Ольга Амиршоевна. Возникновение и деятельность масовых дехканских организаций в Таджикистане 1918-1932 гг.
пешина
аз 162
навбатӣ