Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

МАСОИЛИ МУБРАМИ

ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Абдуқаҳҳор САИДОВ,
Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи ба номи А. Дониш

ИНЪИКОСИ ИШҒОЛИ ВИЛОЯТИ ҒУРИ
ХУРОСОН АЗ ҶОНИБИ МУҒУЛОН
ДАР «ТАБАҚОТИ НОСИРӢ»-И ҶУЗҶОНӢ

Доир ба тасхири сарзамини Ғур аз ҷониби муғулҳои истилогар, ки сокинони он тоҷиконанд, асари «Табақоти Носирӣ»-и Сироҷиддин Муҳаммад ибни Минҳоҷиддин Усмон ал-Ҷузҷонӣ яке аз маъхазҳои асосӣ ва боэътимод ба шумор меравад. Муаллиф шоҳиди бевоситаи ин фоҷеа буда, асари худро тибқи мушоҳидаҳояш рўи варақ овардааст.
Муаллифони минбаъда ахбори ба ин воқеаҳо мутааллиқро бар мабнои маълумоти ин асар овардаанд. Аз ин хотир баёни воқеаҳои тасхири сарзамини Ғур дар ин минтақа бо такя бар ахбори ин муаллиф оварда мешавад.
Вақте ки лашкари Чингизхон аз дарёи Ому убур намуда, сарзамини Хуросонро зери суми аспони худ гирифт, султон Муҳаммади Хоразмшоҳ озими Мозандарон шуд. Пеш аз он ки Хуросонро тарк гўяд, Муҳаммад Хоразмшоҳ барои муҳофизати шаҳру қалъаҳои Хуросон аз зумраи амирон ва сарлашкарони худ барои ҳифзи ҳар қалъа ва шаҳре яке аз маликҳои маъруфро масъул гардонид [1, 563-564].
Фатҳи қалъаҳои Колювин ва Файвор. Муғулҳо пас аз забт ва хароб кадани Ҳирот ба ду гурўҳ ҷудо шуда, яке ҷониби Систон ва дигаре барои фатҳи қалъаи Колювин равон шуданд. Ин қалъа дар баландие ҷойгир буда, аз ҷиҳати истеҳком беҳамто буд. Аз Ҳирот то ба ҳудуди ин қалъа рафтан кас бояд бист фарсах роҳро дар баландиҳо тай менамуд ва ҳангоми ба пояи ин қалъа расидан бояд боз як фарсанги дигар боло баромада, пас аз он ба пои санги он қалъа расидан лозим меомад. Бораи қалъа бар сари он санг аст ва рўи он санг мисли деворест, ки ҳеҷ ҷонваре дар болои он гашта наметавонад. Дар санги хорои қалъа ҳафт чоҳи об канда шуда буд, ки оби онро истифода баранд ҳам боз зиёд мегардид. Ду писари ҳокими Ҳирот Абубакри Марҷуқӣ фармондеҳи он қалъа буданд. Дар муқобили ин қалъа қалъаи Файвор воқеъ буд, ки Муҳаммад Хоразмшоҳ дар муддати даҳ-ёздаҳ сол ин қалъаҳоро сохта, дар онҳо сипоҳиёнро бо силоҳу захира таъмин гардонда буд [1, 563-564].
Ҳангоме ки муғулҳо ба пои қалъа наздик омаданд, дар қалъа одамони силоҳдор зиёд буданд ва онҳо аз қалъа берун омада, бо муғулон ба ҷанг шурўъ намуданд. Муҳофизон ба муғулҳо чунон муқовимати сахт нишон доданд, ки аз хавфи онҳо муғулонро шабҳо хоб набуд. Муғулҳо гирд ба гирди тамоми қалъа ду бора сохта, ду дарвоза ниҳоданд ва рўй дар қалъаву бора муқобил ниҳода шабона посбон гузоштанд. Муддати як сол муҳофизон ба муғулҳо муқовимат намуданд. Пас Саъдии Чарбӣ бо лашкари муғул аз Систон баргашта барои ёрӣ ба сўи қалъаи Колювин омад.

пешина
аз 162
навбатӣ