Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар байни мардуми қалъа бемории вабо сар зад, ки бештари халқ ҳалок шуданд. Муҳофизон шонздаҳ моҳ муқовимат нишон доданд ва шумораи онҳо аз панҷоҳ бештар намонд, ки бист нафари онҳо бемору ранҷур буданд. Як нафаре аз онҳо берун рафта, ба лашкари муғул пайваст ва аз вазъи қалъа онҳоро огоҳ намуд. Муғулон дарҳол силоҳҳоро ба даст гирифта, бо қувваи зиёд ба ҳуҷум гузаштанд. Муҳофизон тамоми боигариро аз қабили зарру сим дар чоҳҳои қалъа партофта амволи боқимондаро оташ заданд ва дари қалъаро кушода, ба душман ҳуҷум намуданд ва ниҳоят ҳамаашон ба шаҳодат расиданд [1, 564-565, 2, 370-371]. Ҳамин тариқ, ба муғулҳои истилогар муяссар гардид, ки пас аз муборизаи шонздаҳмоҳа тамоми муҳофизони қалъаи Колювинро ба қатл расонда, онро забт намоянд.
Пас аз фатҳи қалъаи Колювин муғулҳо озими қалъаи Файвори Қодис шуданд. Ин қалъа дар ҳасонату матонат ва истеҳком аз қалъаи Колювин низ қавитар буд ва даҳ нафар метавонистад онро муҳофизат намоянд. Ҳангоме ки муғулҳо ба ҳудуди ин қалъа расиданд, лашкариёне, ки барои забти қалъаи Валхи Тахористон рафта буданд, ба ёрии онҳо расида омаданд. Масофа миёни қалъаи Файвор ва Колювин даҳ фарсанг буд. Муғулон муддати ду моҳ дар девори қалъаи Файворро ба муҳосира гирифтанд, вале онро забт карда натавонистад. Дар ин муддат аз аҳли қалъа касе ба муғулон хабар расонд, ки тамоми аҳли қалъа ба ҷуз аз ҳафт мард дигар касе зинда намондааст ва аз ин ҳафт нафар чор ё панҷ нафар ранҷуранд. Пас муғулҳо ба қалъа ҳуҷум намуда, онро гирифтанд ва он ҳафт нафарро ба қатл расонданд. Ин ҳодиса охири моҳҳои соли 619/охирҳои 1222-аввалҳои 1223 сар зада буд [1, 565].
Муҳофизони қалъа ҷонфидоиҳо намуда, то қатраи хуни охирин қалъаро аз душман муҳофизат намуданд ва нахостанд, ки ба муғулҳо таслим шуда, мутеи онҳо гарданд. Ин аз он далолат мекард, ки сокинони ҳар як маҳал ва шаҳрҳои Хуросон, ки асосан тоҷикон буданд, барои дифои ҳар як ваҷаб хоки ватан то дами охир мубориза бурда, сарзамини худро аз душман қаҳрамонона дифоъ мекарданд.
Ишғоли қалъаи Остия ва шаҳри Фирўзкўҳ. Муғулҳо соли 617/ 1220- 1221 ба ҳудуди Остияи Ғур омаданд ва муддати понздаҳ рўз байни муҳофизон ва муғулҳо задухўрди шадид сар зад. Муҳофизон бо сардории ҳокими қалъа Тоҷиддин Ҳабашӣ муддати понздаҳ рўз бар зидди муғулҳо муқовимат нишон доданд. Тоҷиддин Ҳабашӣ дид, ки давом додани мубориза бо душман талафоти зиёд меорад, аз ин хотир ў ба назди муғулҳо рафта, бо онҳо сулҳ намуд ва Чингизхон ўро «Хусрави Ғур» лақаб гузошта, пас фиристод ва худаш барои тасхири қалъаҳои дигар ва дастгир намудани Ҷалолуддин равон гардид. Пас аз мағлубияти Ҷалолуддин дар назди дарёи Синд Чингизхон ба Ғур баргашт.
Дар ин вақт Тоҷиддини Ҳабашӣ аз муғулон рўй гардонда, бар зидди онҳо бархест ва дар натиҷа ба шаҳодат расид [1, 555].
Лашкари муғул худи ҳамин сол бо сардории Ақлон Чарбӣ бо лашкари зиёд ба шаҳри Фирўзкўҳ, ки қаблан пойтахти салтанати Ғуриён буд, омада муддати бисту як рўз ҷангҳои сахт карданд, вале забти ин шаҳр ба онҳо муяссар нагашт ва онҳо аз муқовимат даст кашида ба қафо баргаштанд [1, 555, 566].

пешина
аз 162
навбатӣ