Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Байни малик Муборизиддини Сабзаворӣ, ки Муҳаммад Хоразм-шоҳ қабл аз ба Мозандарон фирор намудан, ўро ҳокими Фирўзкўҳ таъйин карда буд ва мардуми Фирўзкўҳ ихтилоф ба амал омад ва Муборизиддин ба зарурат ба қалъаи боло рафт, ки он дар шимолу шарқии шаҳр бар сари кўҳи баланде воқеъ буд. Пас аз ин воқеа аҳли шаҳри Фирўзкўҳ ба малик Қутбиддини Ҳасан, ки маъмури қалъаҳои Ғур буд, мактуб навиштанд ва ў бо лашкари Ғур ба Фирўзкўҳ омада, писари амми худ малик Имодуддини Зангиро дар Фирўзкўҳ масъул намуд, ки ин воқеа дар охирҳои соли 618/ 1222 рўй дода буд. Вақте ки лашкари муғул аз Ғазна бо Уктой ба тарафи Ғур омаданд, як гурўҳро ба сўи Фирўзкўҳ фиристоданд. Муғулҳо аввалҳои соли 619/ 1222 Имодуддини Зангӣ ва мардуми қалъаро ба қатл расонда, шаҳри Фирўзкўҳро пурра хароб намуданд [1, 566]. Ҳамин тариқ, мардуми собиқ пойтахти салтанати Ғуриҳо, шаҳри Фирўзкўҳ аз ҷониби истилогарони муғул қатл гардида, шаҳр пурра ба хок яксон шуд.
Фатҳи қалъаи Тулак. Қалъаи Тулак ҳисори муаллақе буда, бо ягон кўҳе пайванд набуд ва истеҳкоми хеле қавӣ дошт. Зимистони соли 1221 лашкари бистҳазорнафараи муғул, ки дар Ғур буд, ба пояи қалъаи Тулак омада, ба муҳосираи он шурўъ намуданд. Муҳофизони қалъа муддати зиёда аз ҳашт моҳ ба душман муқобилият нишон доданд, ки дар байни муҳофизони қалъа муаллифи «Табақоти Носирӣ» Ҷузҷонӣ низ буд. Ӯ менависад, ки «Куффорро имкони наздик шудани қалъаву ҳисор набудӣ… Муддати ҳашт рўз он буд, ки тамоми рўз лашкари муғул ба пои ҳисор мегузашт… Асирони мусулмон ба дасти куффор чандон буданд, ки барои хоссаи Чингизхон дувоздаҳ ҳазор духтари бикр баргузида буд, бо худ мебурд» [1, 555; 4, 296].
Масъулияти дифои қалъа бо амри Муҳаммад Хоразмшоҳ ба дўши малик Ҳабашии Найзавар вогузор гардида буд. Амир Насри Тулакӣ бар болои он қалъа чоҳи об канда буд, ки даври он бист бар бист газ буд ва он ҳавз доимо пур аз об буд ва пойоб ҳам надошт. Қалъа хело мустаҳкам буд. Лашкари муғул бо сардории домоди Чингизхон Файқу Нуйон бо лашкари савораи 40 ҳазор нафара ба пояи қалъаи Тулак омад. Ҳабашии Найзавар бо муҳофизони қалъа ба душман муқобилияти сахт нишон доданд ва муҳосираи қалъа хело тўл кашид. Пас Ҳабашии Найзавар ба назди Файқу Нуйон омада изҳори тобеият намуд. Пас аз ба қалъа баргаштани Ҳабашии Найзавар мардум ўро хиёнаткор дониста, бар зидди ў хурўҷ намуда, дастгир карда, ба дасти Қутбиддин, ки ба қалъаи Тулак омада буд, супориданд. Қутбиддин писари худ малик Тоҷиддин Муҳаммадро масъули қалъаи Тулак таъйин намуд. Ҳабашии Найзавар оқибат дар қалъаи Файвор аз дасти Асилиддини Нишопурӣ ба қатл расид [1, 566-568].

пешина
аз 162
навбатӣ