Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Тулакиён муддати чор сол бо муғулони истилогар мубориза бурданд.
Муаллифи «Табақоти Носирӣ» Ҷузҷонӣ дар муддати ин чор сол дар муборизаи аҳли Тулак бо муғулон ширкат мекард. Ӯ мегўяд, ки ҳама аҳли калъа ақрабо ва хешу табор буданд ва оқибат аз дасти муғул он қалъа ба нокушуда монд [1, 568]. Пас аз чанде лашкари сершумори муғул боз ба ин қалъа ҳуҷум намуда, қисми аҳолиро ба қатл расонанданд ва қисми дигареро ба асирӣ гирфтанд.
Муборизаи мардуми Сайфрўд бар зидди муғулҳо. Қалъаи Сайфрўд яке аз мустаҳкамтарин қалъаҳои Ғур ба шумор мерафт. Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ ҳангоми аз тарафи Балх ба Мозандарон рафтани худ, ба малик Қутбиддин амр намуда буд, ки ин қалъаро таъмир ва мустаҳкам намояд. Қутбиддин дар як муддати кўтоҳ дар болои қалъа як ҳавз сохта, дар он ба қадри чил рўза об ҷамъ намуд. Аз оғози мустаҳкамкунии қалъа ду моҳ нагузашта буд, ки лашкари анбўҳи муғулҳо бо сардори Манкута нуйон, Қароҷа нуйон ва Албур нуйон ба Сайфрўд ҳуҷум намуданд. Ба муғулҳо хабар расид, ки оби нўшокии мардуми қалъа кам мондааст, бинобар он қалъаро муҳосира намуданд ва муҳофизон қалъаро панҷоҳ рўз мудофиа карданд. Дар ин муддат аз ҳарду ҷониб нафарони зиёд кушта шуданд. Дар қалъа чорво зиёд буд ва муҳофизон ба қадри имкон як миқдор гўшти чорворо барои хўрокворӣ хушк карданд. Қариб бисту чор ҳазор чорво аз беобӣ талаф ёфтанд.
Пас муғулон ҳамаро аз бораи қалъа берун карда, аҳли қалъаро вазифадор намуданд, ки ҳар кас ҳар рўз як ман1 об ва як сер2 ғалла ҳозир намоянд. Дар қалъа ба ҷуз аз як аспи малик дигар аспе намонд. Ин вазъият панҷоҳ рўз давом ёфт ва ҷамоате, ки муҳофизати ҳавзи обро ба уҳда доштанд, хабар доданд, ки дар ҳавз об барои як рўз боқӣ мондааст. Касе ин хабарро ба муғулҳо расонд. Пас малик Қутбиддин аз ин вазъ огоҳ гардида, бегоҳ ҳангоми намоз тамоми мардҳоро ҷамъ намуда, фармуд, ки фардои бомдод онҳо зану фарзандонашонро бо дасти худ бикушанд ва дари қалъаро кушода, то дами марг бо душман мубориза баранд.
Ҳама ба ин пешниҳоди Қутбиддин розӣ шуда, якдигарро ба оғўш гирфта, бо ҳам видоъ мекарданд. Шаби он бегоҳ борони сахт борид ва он ба барф табдил ёфта, мардумро аз ташнагӣ раҳо дод. Аҳли қалъа захираи оби думоҳа ҷамъ намуданд. Ин воқеаҳо дар охири фасли тирамоҳ ва саршавии зимистони соли 1221 сар зада буданд. Муғулҳо диданд, ки зимистон барфи зиёд борида, аҳли қалъаро аз ташнагӣ раҳо медиҳад ва онҳо қудрати тасхири онро надоранд. Онҳо қарор доданд, ки аз муҳосираи қалъа даст кашида, ба қафо баргарданд [1, 568-570, 2, 372-373, 3, 614-615; 4, 297].
Муғулон соли дигар, яъне соли 1222 боз ба ҷониби Ғур омада, ба муҳосираи қалъаи Сайфруд сар карданд. Дар ин муддат Қутбиддин

1 Ман – миқёси вазн, ки дар ҷойҳои мухталиф гуногун будааст, масалан, мани Самарқанд – 8 пуд, мани Табрез – қариб 3 кг ва дар истилоҳи шариат як мани шаръӣ 180 мисқол (846 г) аст.
2 Сер – ченаки вазн, ки тақрибан ба 75 гр, баробар аст.

пешина
аз 162
навбатӣ