Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳавзҳоро аз об пур карда, хўрокиҳои зиёд захира намуда буд. Муборизаи байни муҳофизон ва муғулҳо ду моҳ давом ёфт, вале фатҳи қалъа ба муғулҳо муяссар нагардид. Пас муғулҳо макру ҳиларо ба кор бурда, ба муҳофизони қалъа сулҳ пешниҳод намуданд. Халқ, ки муддате аз муқобилияти душман азияти зиёд кашида буд, ин пешниҳоди муғулҳоро қабул намуданд. Малик Қутбиддин халқро аз сулҳ бо муғулон манъ кард, вале қисме ба сулҳ розӣ шуданд. Ҳарду тараф ба чунин қарор омаданд, ки аҳли қалъа муддати се рўз бизоати худро гирифта, аз қалъа берун мешаванд ва миёни лашкаргоҳ омада, онро мефурўшанд ва аз он маблағ чорво, ҷома ва мўина мехаранд. Баъд аз се рўз лашкари муғул қалъаро тарк менамоянд. Ҳамин тариқ, онҳо ду рўз ба хариду фурўш машғул шуданд ва ҳеҷ касро заҳмат надоданд. Шаби сеюм муғулон силоҳҳои худро зери сангҳову ҷомаҳо ва полонҳои чорво пинҳон намуданд ва вақти бомдод халқ аз қалъа фуруд омада, дар миёни лашкаргоҳ бо муғулҳо омехта шуданд. Дар ин вақт садои табл баланд шуд ва муғулҳо ба куштори мардум даст заданд. Яке аз сипаҳсолорони Ҳабашии Найзавар Фаҳриддин Муҳаммади Арзир ном дошт ва ба хизмати Қутбиддин омада буд ва ў низ дар қатори мардуми қалъа дар лашкаргоҳ буд. Ин шахс дар соқи мўзааш корде пинҳон карда, тавонист, ки муғули бо ў савдо мекардагиро кушта, саломат ба қалъа баргардад.
Дусаду ҳаштод ашхоси маъруф ба дасти муғулон асир афтоданд ва нуйонҳои муғул ба назди Қутбиддин намоянда фиристода, пешниҳод карданд, ки ашхоси ба асирӣ гирифторшударо харидорӣ намояд.
Қутбиддин ҷавоб надод. Муғулон дарк намуданд, ки ин найранги онҳо ба кор намеравад ва рўзи дигар ҳамаи асиронро дар ҳам баста даҳнафарӣ ва понздаҳнафариро ба захми шамшер ва сангу корд куштанд. Рўзи дигар муғулон ба ҷанг омодагӣ гирифтанд. Ҳамон шаб Қутбиддин фармуд, ки сангҳои вазнини дар атрофи хокрези қалъа бударо дар рўи кўҳ чунон гузоранд, ки агар ҳатто бачаи хурде ба вай даст расонад, зуд ғалтад. Пас зиёда аз сад сангҳои осиёро дар нўги чўбҳои гарон баста, онҳоро бо ресмон ба кунгураҳои қалъа бастанд. Баъд аз он мардумро ба ду қисм ҷудо намуда, фармуд, ки қисме дар сари бораи дар паси кунгураҳо ва қисми дигар дар берун, дар пои қалъа дар паси сангҳо пинҳон шаванд ва то садои табл баланд нашавад, касе худро зоҳир накунад. Субҳи дигар лашкари муғул аз лашкаргоҳ ҷониби қалъа омада, зиёда аз даҳ ҳазор сипари говро боло бароварданд. Чун масофаи байни муғулон ва муҳофизон ба қадри сад газ1 монд, аз болои қалъа садои табл баланд шуд. Дар ин лаҳза муборизони қалъа ресмонҳоро буриданд ва сангҳои овезон ба сари душман рехтанд. Аксари лашкари муғул ба ҳалокат расида, боқимонда рў ба гурез оварданд [1, 571-572].
Чунин амали қаҳрамонона ва ихтирооти Қутбиддин дар чангҳои пешинаи зиддимуғулӣ ба чашм намерасид ва он бори дигар аз қаҳрамониву шуҷоати мардум барои ҳимояи ватани худ шаҳодат медод. Каме баъдтар ин қалъа низ аз ҷониби муғулҳо забт гардид.

1 Газ – ченаки дарозӣ буда тақрибан ба 105 см баробар аст.

пешина
аз 162
навбатӣ