Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Забти қалъаи Ашёр. Қалъаи Ашёр дар болои кўҳи баланд воқеъ буд ва дар он ҷо борони зиёд борида, мардумро аз об таъмин менамуд.
Илова бар он чашмаҳои об аз пешгоҳи тоқи қалъа ҷорӣ мешуданд.
Ҳангоме ки Чингизхон писари худ Уктойро ба тарафи Ғур фиристод, ў миёни Фирўзкўҳ ва Ғазна ҷой гирифта, ба ҳар ҷониб лашкар фиристод.
Аз ҷумла Абақа нуйонро, ки амири даҳ ҳазор лашкар буд, барои забти қалъаи Ашёр фиристод. Онҳо ба пояи қалъа омада, муддати понздаҳ моҳ онро ба муҳосира гирифтанд. Мардуми қалъа бо ҷасорату мардонагӣ қалъаро муҳофизат карданд ва забти он ба муғулҳо муяссар нагардид. Вале баъдтар бо сабаби норасоии хўрокворӣ вазъи мардум танг шуд. Кор ба ҷое расид, ки ҳар кӣ кушта мешуд ва ё мемурд, гўшти ўро мехўрданд. Вазъ то ба ҳадде расид, ки ҳар кас мурда ва куштаи худро барои хўрдан ва қадид кардан (хушк кардан) нигоҳ медошт [1, 573-574, 2, 372, 3, 619]. Бояд қайд намуд, ки чунин ҳодиса ва вазъияти мудҳише, ки ба сари муҳофизони қалъаи Ашёр омада буд, дар таърих хеле кам дучор шудан мумкин аст. Бо вуҷуди чунин вазъияти душвор мардуми қалъа аз мубориза даст намекашиданд.
Шоҳиди воқеаҳо Ҷузҷонӣ менависад, ки дар қалъаи Ашёр зани мутрибае буд, ки модар ва канизаке дошт. Вақте ки модар ва канизаш фавтиданд, гўшти ҳардуро хушк намуда (қадид карда) ба дусаду панҷоҳ динори зар бифурўхт. Оқибат ў ҳам мурд. Дар муддати понздаҳ моҳи муҳосираи қалъа ҳамагӣ сӣ нафар боқӣ монданд. Пас муғулҳо бо қувваи зиёд ба қалъа ҳуҷум намуда, мардуми боқимондаро ба қатл расонданд ва онро забт намуданд [1, 574, 3, 619; 4, 298-299].
Ҳамин тариқ, истилогарони муғул бо вуҷуди он ки аҳолии шаҳру қалъаҳои сарзамини Ғур ба онҳо муқовимат сахт нишон дода бошанд ҳам тавонистанд, бо ваҳшоният шаҳру қалъаҳоро ишғол ва хароб намоянд ва сокинонашро қатл кунанд. Агар муғулҳо шаҳру вилоятҳои дигарро дар муддати якчанд рўз ё ҳафт-ҳашт моҳ забт карда бошанд, барои тасхири минтақаи Ғур зиёда аз се сол мубориза бурданд.

АДАБИЁТ:

  1. Ҷузҷонӣ, Минҳоҷиддин ибни Сироҷиддин. Табақоти Носирӣ. Чопи сеюм. – Кобул: Бунёди фарҳангии ҷаҳондорони Ғурӣ, 1391 ҳ.
  2. Мир Ғулом Муҳаммади Ғубор. Афғонистон дар масири таърих. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1390 ҳ.
  3. Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX-XIV. Душанбе, 1999.
  4. Таърихи халқи тоҷик. Китоби дуввум. Мўъҷизаи классикии тоҷикон.
    Хуҷанд: Ношир, 2008.
пешина
аз 162
навбатӣ