70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ҳамза КАМОЛ,
Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
«САФАРНОМА»-И ИБНИ БАТТУТА
ДАР ЗИКРИ ҲОКИМИ МУҒУЛИИ
МОВАРОУННАҲР, ТАРМАШИРИН
Шарофуддин Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Иброҳими Тунҷӣ маъруф ба Ибни Баттута (1304-1377) ба ҳангоми диданаш аз Мовароуннаҳр, ки дар баҳор ва авоили тобистони соли 1335 иттифоқ афтода буд, панҷоҳу чаҳор рўз дар пойтахти султон Тармаширин, шаҳри Насаф таваққуф карда [7, 450], суҳбатҳои тўлоние бо ин хони муғулии Мовароуннаҳр дошт, ки дар «Сафарнома»-и хеш зикри муфассале аз онҳо намудааст. Ибни Баттута чун шоҳиди айнӣ ахбореро роҷеъ ба Тармаширин ва ҳукумати ў дар рисолааш баён мекунад, ки арзиши бисёр муҳими таърихӣ дошта, дар он нукоте дар савонеҳи ҳоли Тармаширин ҷой доранд, ки усулан дар дигар манобеи таърихӣ зикр нашудаанд.
Баъди ишғоли Мовароуннаҳр аз ҷониби муғулон то нимаи дувуми асри XIII, ки зарби шамшери онҳо аз хотири сокинони ин сарзамин то он замон зудуда нашуда буд ва ҳанўз вайронаҳои шаҳру деҳоти Мовароуннаҳр ёде аз ваҳшату даҳшати ишғоли муғулон мекард, ҳокимони муғулии ин сарзамин ва қабоили муғулие, ки шабеҳи муру малах ба Мовароуннаҳр сарозер шуда буданд, ошкоро пайравӣ аз оини бутпарастии хеш мекарданд. Ин сарзамини таърихии аҷдоди тоҷикон – Варазрўд, ки баъди ишғоли арабҳо Мовароуннаҳр ном гирифт, чун сарзаминҳои ишғолии Ҳафтрўд ва Туркистони Шарқӣ шомили қаламрави зери фармони писари Чингиз – Чағатой шуда, мусаммо ба улуси Чағатой гардида, аз соли 1227 то соли 1370 Чағатой ва чағатойиҳо дар ин кишварҳо ҳукумат карданд.
Чағатой худ душмани собитқадами ислом буд ва ба иҷрои он муқаррароти Ёсо исрор меварзид, ки бо шариати ислом мухолифат дошт [11, 55]. Баъди солҳои шастуми асри XIII эҳсоси заъфи нуфузи муғулон дар ҷомеаи Мовароуннаҳр ба назар мерасад. Баъзе хонҳои муғул зери таъсири фарҳанги тоҷикӣ ва бештар аз ҳама барои бақои қудрати худ дар Мовароуннаҳр маҷбур шуданд аз кеши бутпарастии хеш даст кашида, ислом биёваранд. Набераи Чағатой ва абераи Чингиз – Муборакшоҳ писари Қаро Ҳулоку, ки дар ҷадвали асомии ҳокимони муғулии «Зафарнома»-и Низомуддини Шомӣ шашумин нафар аст, [10, 31] аз зумраи нахустин ҳокими муғулии Мовароуннаҳр буд, ки дар муддати ниҳоят кўтоҳи ҳукуматаш (апрели 1265 – сентябри 1265) ошкоро дини исломро пазируфт [12, 55].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё